1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 1500 нафар ҷавонони синни даъватӣ даври омӯзишии ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба итмом расонида, бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии мамлакат барои адои хизмати ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҷавонони бонангу номус ҳамасола ба таври ихтиёрӣ барои иҷрои қарзи фарзандию шаҳрвандӣ изҳори омодагӣ менамоянд.
Вобаста ба натиҷаи даъвати тирамоҳӣ гуфта шуд, ки барои таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябр ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар сатҳи баланд доир шуд. Дар натиҷаи корбарии дурусти масъулин 15 ноябр нақшаи даъват пеш аз муҳлат таъмин гардид.
Зимни ҷаласа ҳамзамон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ натиҷагирӣ шуда, барои пурзӯр намудани фаъолияти комиссияҳои даъватӣ ва дар сатҳи баланд ташкил кардани даъвати баҳорӣ ба масъулин супоришҳо дода шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд






