«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
НОРАК, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Норак ба муносибати 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли ҳадафҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум» ҳамоиши тантанавии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиеро, ки фарогири манфиатҳои давлат ва миллат бошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамуданд, ки ҳадафу мақсади ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштани давлати мо сарчашма гирад ва бояд, пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии аҳолии саросари мамлакатро амалӣ намояд.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз он иборат буд, ки ҳизби нав ба манфиатҳои ҳама сокинони ҷомеа ҷавобгӯ бошад.
Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки “ҳамаи мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад”.
Ҳамзамон бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як зумра роҳбарон, фаъолон ва ҷавонон- аъзои ташкилоти ибтидоии шаҳр барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак қадрдонӣ шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






