35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Ҳисор Мактаби хусусии байналмилалӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Ҳисор Мактаби хусусии байналмилалӣ барои 420 хонанда бунёд карда мешавад, ки ҳоло сохтмони он босуръат идома дорад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор муассисаи томактабии хусусӣ барои 220 кӯдак сохта мешавад.
Дар шаҳри Ҳисор бо мақсади рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили хонандагон тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешида мешаванд. Ин аст, ки давоми 11 моҳи соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таълимии №67, 92, 104, 122 биноҳои иловагии мактаб мавриди истифода қарор гирифта, муассисаи таълимии №143 таъсис ёфт.
Инчунин аз 146 синфхонаи иловагии нақшавӣ 66 адади он мавриди истифода қарор дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






