35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
СУҒД, 15.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ бунёд мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, иншоот аз як ошёна ва таҳхона иборат буда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Элитсохтмон» мебошад. Ба корҳои сохтмонӣ ҳамарӯза то 40 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб мегарданд.
Тибқи лоиҳа, дар дохили бино тарабхона, коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ, толори варзишӣ, сартарошхона ва толори ҳусн ҷойгир карда мешаванд. Барои ин имконият ва шароити зарурӣ мавҷуд буда, татбиқи лоиҳа сабаби бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидани сокинон мешавад.
Имрӯзҳо дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Айнӣ сохтмони садҳо иншоот, аз қабили марказҳои савдою хизматрасонӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, сохтмон ва ивазнамоии хати обу ташноб, барқ, роҳу пулҳо, бунёди биноҳои наву иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ идома дорад.
Ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони беш аз 595 иншоот ба нақша гирифта шуда, зиёда аз 400 адади он ба истифода дода шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






