35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Аз 950 иншооти ҳаётан муҳими нақшавӣ то имрӯз 675 адади он бунёд, навсозӣ ва таъмиру таҷдид шудааст, ки 71 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншоот 269 адад соли равон бунёд шудааст. Аз онҳо 54 иншоот ба соҳаи саноат, 18 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 6 иншоот ба соҳаи маориф, 13 иншоот ба соҳаи варзиш, 116 иншоот ба соҳаи савдою хизматрасонӣ рост меояд. Боқимонда- 2 иншоот истироҳатӣ-фарҳангӣ, 1 бинои маъмурӣ, 25 бинои истиқоматӣ ва 1 иншооти таъйиноти гуногун мебошад, ки мавриди истифода қарор гирифтанд.
Роҳбарияти вилояти Суғд бо раванди сохтмони бинои нави Суди вилояти Суғд ва Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Ваҳдат, бинои иловагии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд, бинои истиқоматии баландошёнаи иҷтимоӣ дар маҳаллаи Темурмалик, сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд шинос шуда, ба бинокорон барои босуръат ва босифат анҷом додани корҳо маслиҳат доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






