ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми мубораки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ»-ро ба мардуми мамлакат манзур намуданд.
Ин паём нахуст дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш садо дод ва баъдан дар паёми шодбошӣ бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатӣ низ чунин таъкид шуд: «Мо бояд дар зеҳну шуури наврасону ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, нангу номус ва муҳаббату садоқат ба Ватанро тарбия кунем. Маҳз бо ҳамин мақсади наҷиб мо тасмим гирифтем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро чун китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» нашр намуда, ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намоем. Зеро «Шоҳнома» мазҳари дурахшони истиқлолу озодӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси ориёии мо мебошад. Чанд рӯз пештар ба хотири боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносию худогоҳии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон боз як озмуни ҷумҳуриявӣ – «Шоҳномахонӣ»-ро эълон намудем».
Дар сиёсати маънавибунёд ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби идеяҳои ватандӯстона, паёми ахлоқии Ҳаким Фирдавсӣ бо тамоми вусъату фарогирии хеш ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб аст. Мо дар хотир дорем, ки яке аз ин тадбирҳои муҳиме, ки дар аввалин рӯзҳои роҳнамоӣ ба ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Тоҷикистон аз сар гирифтанд, таҷлили ҷашни 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ буд. Ин иқдом дар он айёми душвори сиёсӣ барои таҳкими оини ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон, болоравии худшиносии миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ нақши носутурданӣ ва файзбахше гузошт. Нуктаи қобили таъкид аст, ки ҳарчанд эълони ҷашни 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чун яке аз аввалин иқдоми фарҳансолоронаи Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сиёсӣ эълон гардид, вале ин ҷашнвораи бузурги миллӣ дар арафаи таҷлили сесолагии Истиқлолияти давлатӣ- 4 сентябри соли 1994 дар сатҳи баланд ва бо руҳияи олии хештаншиносӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон доир шуд.
Дар суханронӣ дар Симпозиуми байналхалқӣ Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин минбари бузурги шоҳномашиносӣ бар пояи ҳикмати ҷовидонаи ҳаким Фирдавсӣ ба тамоми ҳамватанон ва ҳамзабонон изҳор доштанд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ асоси пешрафт ва тавфиқ дар роҳи расидан ба қуллаи мурод аст. Мутолеаи «Шоҳнома» ва маърифати андешаҳои Фирдавсӣ дар ҷодаи шараф бар ин неъматҳои бузург ёру ёвари миллат ва мардуми тоҷик дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ хоҳад буд.
Ҳамин тавр, ин рукни барҷастаи сиёсати давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шеваю равишҳои мухталифи оянданигоронаю фардосозона ҳукми анъана пайдо намуду дар таҳаввули шуури маънавӣ, руҳияи ватандӯстӣ, пешгирӣ аз бархурди идеявию мафкуравӣ ва ақидавии ҷомеа, боло бурдани худшиносии миллӣ, ташаккули оини ватандӯстии ҷавонон, тарғиби некию некукорӣ, ҷасорату матонат, ҷавонмардию ҷаҳоншиносӣ нақши пурфайз гузошт.
Бо гузашти сӣ сол ва дар остонаи таҷлили ҷашни 33-солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ ташаббуси шоён ва иқдоми наҷиби навбатии Пешвои миллат дар иртибот ба ин ҳамосаи бузурги миллӣ-баргузории Озмуни ҷумҳурии «Шоҳномахонӣ» дар партави тақдими китоби ҷовидонаи «Шоҳнома»-и безавол ба ҳар хонадони тоҷик эълом гардид, ки аз он мо пайомадҳои хуҷастаю фаррухфолро интизор хоҳем буд. Баъд аз тақдими «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров чун сарчашмаи худшиносии миллӣ иқдоми ҳадяи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, барҳақ паёми зиндагиафрӯз, ҷаҳонофарин, ҳувиятсози Пешвои миллат бар мардуми тоҷик ва миллати соҳибтамаддуни мо гардид, ки барои фатҳи роҳи дигар дар мактаби худафрӯзию хештаншиносии ҷомеа, тулӯи тафаккури миллӣ, роҳи пуршарафи ваҳдатофарию ҳамдилӣ ва иттиҳоди тамоми тоҷикони ҷаҳон нақши назаррас хоҳад гузошт.
«Шоҳнома»-и ҳакими доною тавоно- Фирдавсии бузург ҳанӯз аз рӯзгори хеш то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи доираи васеи мардум ва мутолиаи аҳли ҷомеа қарор гирифтааст. Нақлу ривоёти фаровоне дар хотираи кутуби мухталиф ҳифз шудаанд, ки аз корномаҳои диловаронаи паҳлавонони ҳаммеҳану ҳаммиллати мо дар масири таърих дар партави қироати абёти «Шоҳнома» ҳикоят мекунанд. Ҳатто боре Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳам бо он ки дар таърих бо ношинохтагии қадри заҳматҳои Фирдавсӣ ва ҳамосаи безаволи ӯ шуҳрат дорад, шоҳиди ҳол буда, ки мардуми фаровоне аз ҳамлашкаронаш бо қироати ашъоре ба набард мераванду пирӯз мешаванд. Вақте аз онҳо мепурсад, ки ин чӣ шеъре аст, ки мехонед, ҳама баробар гуфтаанд, ки ин «Шоҳнома» аст, ки қироати пораҳое аз он моро диловарию матонат, ҷасорат ва ватандӯстӣ меомӯзад. Ва гӯё заминаи зуҳури ин байти машҳур ҳам ҳамин воқеа будааст:
Ҳар он кас ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ҳамин гуна, шоҳномахонӣ дар идомаи роҳи қиссапардозону ровиёни ахбори куҳан аз нахустин маҷлису маҳфилҳое будааст, ки дар тарбияи тафаккури миллӣ, эҳсоси хештаншиносии мардум, рифъати руҳияи ватандӯстию диловарӣ, ҷасорату матонат, оини накӯкорӣ, шинохти манзалати ҷону ҷаҳони инсонӣ нақш гузоштааст. Ба таъбири дигар, шоҳномахонӣ аз аввалин маҳфилҳои миллии ниёгони шарафманди мо буда, ки баъд аз он бо ҳузури мунаввари бузургони дигари адабиёти мо маҳфилҳое, чун «Маснавихонӣ», «Бӯстон»-у «Гулистонхонӣ», «Ҳофизхонӣ», «Бедилхонӣ» ва монанди ин зуҳур кардаанд. Яъне, «Шоҳномахонӣ» дар сароғози маҷмуаи ин маҳфилҳо қарор доштааст, ки дар такмили тафаккури маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ, андешапарварии дирӯзу имрӯзи мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони олам асаре матлуб гузоштаю бо шарофати ташаббусҳои фардоафрӯзи Пешвои миллат имрӯзу фардо ва фардоҳои дигар низ хоҳад гузошт.
Шеваи дигари муассири шоҳномахонӣ дар адабу фарҳанги гузаштаи мо нигориши достонҳое фаровон дар истиқбол аз ин шоҳасари беназир ба хотири боло бурдани руҳияи ватандӯстӣ дар ҳар давру замони дигар ба шумор меравад. Шояд дар адабиёти гузаштаи мо бештар аз 100 достон дар ҷавоби «Шоҳнома» ба сурати «Гаршоспнома», «Фаромарзнома», «Ҷаҳонгирнома», «Ҳумоюннома», «Ғозоннома», «Зафарнома», «Бежаннома», «Фирдавсинома», «Рустамнома», «Сомнома», «Исфандиёрнома», «Ховароннома» ва амсоли ин навишта шудаанд. Аксари ин роҳравони силки маснависароӣ, ки дар партави мутолеаҳои худ аз «Шоҳнома» ба истиқболи он достонҳое сурудаанд, худро ғуломи дили поки Фиравсии покмағзу нағзгӯй шуморидаанд, ки дар ин арса доди суханро додааст. Аз ҷумла, Ҳисомии Фирӯзободӣ фармуда:
Ба «Шаҳнома» Фирдавсии нағзгӯй,
Якояк бигуфтаст аз разми ӯй.
Тарҷумаҳои форсии достони қадимаи ҳиндувон- Рамаяна аз забони санскрит низ бо вазни «Шоҳнома» навишта шудаанд, ки яке аз онҳо ба қалами Шайх Саъдуллоҳ Масеҳи Понипотӣ тааллуқ дорад. Маснавии «Футуҳ-ус-салотин»-и Бадри Чочӣ, ки дар ситоиши корномаҳои ҳокими замони хеш – Ғиёсиддин Туғлуқ суруда шудааст, бо номи «Шоҳномаи Ҳинд» шуҳрат ёфтааст. Фузун бар ин, «Шоҳнома» ба ағлаби забонҳои олам, чун ҳиндию синдию гуҷротӣ, урдуву банголӣ, арабию англисӣ, фаронсавию русӣ, олмонӣ ва ғайра тарҷума шуд, ки ин ҳам далели маҳбубияту маъруфияти ин ҳамосаи безавол дар саросари олам аст. Бегумон ҳар ибтикоре аз ин қабил, яъне иқтиқбол аз «Шоҳнома» ва сурудани ҷавобияҳое то сиву анд ҳазор, тарҷумаву ташреҳ ҳама бар як омили муҳим такя мекунанд: шоҳномахонӣ. Танҳо мутолеаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ имкон медиҳад, ки бо муҳаббату ихлосу иродат ва ҳарорати баланди илҳом аз ҳар сатру байту достонҳои безаволи паҳлавонони он ҷавобияҳое суруда шавад. Танҳо мутолеаи «Шоҳнома» дар забони асл асаре бар вуҷуди он шоирони дигар ангехт, ки китобҳои куҳани ҷадди хешро аз забонҳои санскриту синдию ҳиндӣ ва арабӣ бо вазни ҳамосаи миллии мо дар забони форсӣ тарҷума кунанд. Ҳамзамон шоҳномапажуҳони англису фаронсавию итолиёӣ ва рус бо мутолеаи «Шоҳнома» иқдом ба тарҷумаи он ба забонҳои хеш намуданд. Ҳатто Уилям Ҷонси англис, ки аз ҷумлаи аввалин мутарҷимони «Шоҳнома» ба ин забон дониста мешавад, дар баробари кори тарҷумонӣ мақолоте дар забонҳои лотинию фаронсавӣ ва англисӣ роҷеъ ба ин шоҳасари бузи «Шоҳнома» андешаи пажуҳиш ва шинохти забонҳои ҳиндуаврупоӣ дар ӯ пайдо шуд. Баробари ин, маҳз ангезаҳои шоҳномахонӣ буд, ки вай дар баробари маҷмуи ин корномаҳо бар мабнои достони «Рустам ва Суҳроб»-и Фирдавсӣ намоише дар қолаби суруд эҷод намуд, ҳарчанд 19 байт аз он боқӣ монд, вале он аз шоҳкориҳои ҷовидонаи адабиёти инглис эътироф шудааст. Ҳамин Уилям Ҷонс буд, ки тарҷумаҳои нахустини ҳамосаи миллии мо-«Шоҳнома»-ро бо ҳамосаҳои «Илиада» ва «Одисея» ва худи Фирдавсиро бо Ҳомер баробар ва ҳатто бартар аз ӯ донистааст. Ин авлавияти мақоми маънавии Ҳакими Тӯсро Анри Моссе ҳам дар ҳамосасароии ҷаҳонӣ таъкид кардааст.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва падидаи мубораки «шоҳномахонӣ» сабаб шуд, ки чеҳраҳои оламгире дар адабиёти ҷаҳон қадам гузоранд, ки Уилям Ҷеймс ва Ҷозеф Чемпиони англис, Жул Мули фаронсавӣ, Лозинский ва Дякови рус, Алӣ Афандии турк ва дигарон аз ин ҷумлаанд.
Хониш ва донистани «Шоҳнома» воқеан саодати бузург аст ва чунин фаррухрӯзиҳои фаровонеро ба гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар масири таърих бахшидааст.
Эълони баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Президенти мамлакат марҳилаи наверо дар мутолиаи ин ҳамосаи бузург оғоз мебахшад. Ин амри муҳим ва ҳидояти самаровар аз ҳамаи мо тақозои онро дорад, ки дар раванди баргузории озмун масъулияти бештар эҳсос кунем, то дар ҳама зинаҳо озмун дар сатҳи баланд ва муассир ҷараён бигирад. Ба таъбири дигар, марҳила ба марҳила таъсири матлуби онро дар руҳу равони наслҳо ва хонандаҳои «Шоҳнома» бояд эҳсос кунем. Афзун бар ин, маҳфилҳои шоҳномахониро шуруъ аз кӯдакистонҳо то мактабу донишгоҳҳои олӣ, ҳатто коргоҳҳо вусъат бахшида, маҷлису нишастҳои илмию адабиро дар маърифати ҳамосаи бузург, мағзи андешаву афкори Ҳаким Фирдавсӣ аз тариқи расонаҳо, шабакаву барномаҳои дигар равнақ диҳем. Ҳоло ин иқдом тариқи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Синамо», «ТВ Суғд» ба ҳар шаклу шева ҷараён дорад, афзудани чунин барномаҳо бо равишҳои мухталиф метавонад дар оммавигардонии шоҳномахонӣ таъсир расонад. Мо, чун муридони Фирдавсии бузург ба қавли мухлисе аз ин «Шоҳнома»-и безавол, ки аз рӯи иродат ин суханро аз номи сарояндаи шоҳасари безавол нақл кардааст ва аммо он моли Ҳакими доно намебошад, бояд нимае аз умри худро сарфи он бикунем, ки ҷаҳоне пур аз номи Рустам шавад:
Ки як нима аз умри худ кам кунам,
Ҷаҳоне пур аз номи Рустам кунад.
Рисолати «Шоҳномахонӣ» ҳам дар навбати аввал ҳамин аст- пур кардани ному пайкору ҷасорату ватанӯстии Рустам дар ҷумҳурии азизи мо. Бовар дорем, ки чунин будаасту хоҳад буд…
Дар умум, мо муваззаф ҳастем, ки дар ҳошияи баргузории озмун дар амри оммавигардонии маҳфилҳои шоҳномахонӣ саҳм гузорем, зеро ҳоло «Шоҳномахонӣ» дигар танҳо сабқат барои ба даст овардани ҷоизаҳо нест, балки ҳадафи он дар арсаи зиндагонии воқеӣ ба зуҳур расонидани корномаҳои бузурги ватандӯстона, худшиносона, башоратоварӣ аз милоди рустаму исфандиёрҳо, суҳробу сиёвушҳо дар тамоми арсаҳо аст, то ҷумҳурии мо боз ҳам то осмонҳои манзалати маънавӣ баланд бошад ва рутбаи олии «Тоҷикистон ба пеш»-ро дар маҷмуи ҷодаҳо ба амал пайванд бахшад.
Дар канори ин, маҳз маҳфилҳои шоҳномахонӣ метавонанд насли наврасро дар роҳи муқовимат ба ифротгароӣ ва таҳдидҳои берунӣ омода намоянд, чун «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ асаре аст, ки аз идеяҳои ватандӯстона, тарғиби ормонҳои ахоқии инсонӣ саршор аст ва ин афкору андешаҳо паёми наҷоти инсоният аз ҳар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм мебошанд.
Нуралӣ НУРЗОД,
директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносиии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
доктори илмҳои филологӣ, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»