Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Айнӣ расид

Ноябрь 26, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Айнӣ шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба сокинон тақдим мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Сокинони ноҳияи Айнӣ ин иқдоми фазилатмандонаи Сарвари давлатро истиқбол намуда, онро нишонаи таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба фарҳанг, адабиёт ва арзишҳои таърихию маънавии халқи тоҷик  меҳисобанд.

«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тақсим карда мешавад. Ҳадафи аслии он эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва таҳкиму тавсеаи эҳсоси ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад.

Ин туҳфа, пеш аз ҳама, барои наврасону ҷавонон дарси ибрат ва сарчашмаи маърифат ба шумор меравад.

Бо ибтикори Пешвои миллат имрӯз «Шоҳнома» — оинаи таърихи давлатдории ориёӣ, китобе, ки руҳ ва худшиносии миллии тоҷиконро садсолаҳо зинда нигоҳ доштааст, ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шоҳасарро дар ду ҷилд ва бо теъдоди бесобиқа — 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр намудааст.

Имрӯзҳо тақсими шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавӣ — «Шоҳнома» ба ҳар хонадони мамлакат идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

 

Ноябрь 26, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
«ШОҲНОМА – ШОҲАСАРИ МОНДАГОР ВА ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲОИ ОРИЁӢ». Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Дар даври ноҳиявии озмуни «Шоҳномахонӣ» дар ноҳияи Рӯдакӣ 747 нафар иштирок менамоянд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад