Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст

Декабрь 2, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 02.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Дар ин хусус имрӯз муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода зимни баргузории ҳамоиш бо иштироки роҳбарону намояндагони ширкатҳои сармоягузорию саноатии Ҷумҳурии Мардумии Чин иттилоъ дод.

Фаррух Юсуфзода иброз дошт, ки бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи ҷалби сармоя ва содагардонии воридшавӣ ба иқтисодиёти мамлакат мунтазам ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуда, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушод» амалӣ мегардад.

«Барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастрасу сода гардонидани расмиёти маъмурӣ мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад. Хусусан дар доираи ислоҳоти гузаронида фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакати мо ба таври электронӣ ва ройгон ба қайд гирифта шуда, фаъолияти соҳибкорӣ дар 24 соат ба таври ғайринақдӣ ва электронӣ сабт мешавад. Инчунин ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани қонунгузории татбиқкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ самти дигари ислоҳот дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад»,-афзуд мавсуф.

Таъкид шуд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» барои сармоягузорони хориҷӣ кафолатҳо ва шароити мусоиди фаъолият дода мешавад. Сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи ба берун аз ҳудуди Тоҷикистон интиқол додани маблағи даромад бо асъори хориҷии дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ ба дастовардаро доранд ва бобати анҷом додани дигар амалиёти асъорӣ ба онҳо кафолати қонунӣ пешбинӣ гардидааст.


Зимни баргузории ҳамоиш иброз гардид, ки дар ҷаҳони муосир рушди соҳибкорию сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодии ҳар кишвар ба ҳисоб рафта, дастгирии ҳамаҷониба ва фароҳам овардани шароити мусоид дар сиёсати иқтисодии бисёр давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон афзалият дорад.

«Мо манфиатдорем, ки байни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла соҳибкорони музофоти Синзсян робитаҳои мутақобили судмандро тақвият  диҳем. Боварӣ дорам, ки тақвияти ин ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба манфиати ҳарду давлат мебошад»,-баён дошт Фаррух Юсуфзода.

Бояд гуфт, ки ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дошта, имкон медиҳад, ки пайвандгари давлатҳо дар минтақа гардад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои муосир барои истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ба мамлакати транзитӣ табдил додани он ва таъмини сатҳи баланди некӯаҳволии сокинони мамлакат, инчунин тавсеаи имконияти шуғли онҳо дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи афзалияти ҷумҳурӣ  мебошанд.


Воқеан, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи устувории вазъи сиёсӣ, беҳтар шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзудани талаботи бозори дохилӣ, таҳкими иқтидори зеҳниву инсонӣ ва бо назардошти татбиқшавии тадбирҳои ислоҳотӣ дар таърихи соҳибистиқлолӣ аз марҳилаи басе муҳим дар самти фароҳамоварии шароити мусоиди пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мегузарад.

Ба ширкатҳои чинӣ иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад. Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» мамлакати шашуми пешсафи сайёра мебошад. Дар баробари ин, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ҷонибдории дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро ба даст оварда, ба ҳамкории фаъоли ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи обу энергетика, инчунин амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 21 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид. Дар ҳошияи он якчанд санад ба маблағи 536 миллион доллар дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва сохтмон ба имзо расонида шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид