Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуд

Декабрь 12, 2024 17:53

ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» масъалаи омода намудани мутахассисони баландихтисос баррасӣ гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар ин академия хабар доданд.

Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода таъкид намуд, ки масъалаи асосӣ дар раванди амалишавии ин барнома танзими раванди таълим дар зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантураи PhD мебошад.

«Тайёр намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва кадрҳои баландихтисоси илмӣ яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои илмӣ мебошад. Ин вазифаи пуршараф ва пурмасъулият водор месозад, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон ҷиддӣ, сахтгир ва серталаб бошем, то барои ояндаи дурахшони давлат мутахассисони арзанда омода гарданд»,-гуфт Амонулло Салимзода.

Имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияи муосир дар бозори ҷаҳонӣ рақобати кадрҳои баландихтисосро талаб менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  30 майи соли равон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар ҷумҳурӣ вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба талаботи замона ҷавобгӯ нест.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки дар ҷаҳони муосир танҳо давлате метавонад ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбад, ки шаҳрвандонаш босавод, бомаърифату фарҳангдӯст, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Дар ин замина «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ба баланд бардоштани қобилияти зеҳнию таҳлилии насли нав-олимони ҷавон, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасонии илмию таҳсилӣ мутобиқ намудани онҳо равона гардидааст.

Барнома дар асоси принсипҳо ва талаботе, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» доир ба дурнамои рушди дарозмуддати низоми илму маорифи ҷумҳурӣ муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.

Дар он, пеш аз ҳама, ба принсипҳои тарбияи васеи кадрҳои илмӣ, ки рақобатпазирии иқтисодиёти мамлакатро таъмин менамоянд, низоми тайёр намудани кадрҳои илмии рақобатпазир дар бозори меҳнат, бунёди иқтидори инноватсионии рушди илм, ташаккули дониш ва малакаи зарурӣ бобати рушди устувор афзалият дода шудааст.

Тарбияи олимони ҷавон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалби онҳо ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

АКС: Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2024 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»