Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ якчанд лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 17.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ таҳти раёсати раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аъзои кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаҳои кумита нисбат ба масъалаҳои гуфташуда қабул гардида, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд






