Дар Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии минтақа баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Хатлон» хабар медиҳад, дар ҷаласа иҷрои қонунҳо ва оинномаҳои ҳарбию сарҳадӣ дар қисмҳои низомӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки ҳимояи марзу буми ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор намудаанд, ки бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон омодабошии доимии ҷангӣ ва баланд бардоштани иқтидори қувваҳои мудофиавӣ муҳим мебошад.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар қисмҳои низомии гарнизони Бохтар иҷрои қонунҳо ва оинномаҳо асосан таъмин шудааст. Дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ афсарон ва сарбозон вазифаи худро дар сатҳи баланд иҷро намуда, омодагии касбӣ ва ҳисси ватандӯстиашонро нишон медиҳанд.
Ҳамзамон роҳбарони сохторҳои низомӣ дастур гирифтанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорат ва ҳисси ватандӯстии хизматчиён тадбирҳои иловагӣ андешанд.
АКС: рӯзномаи «Хатлон»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






