Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Иванов, Донишгоҳи миллӣ-таҳқиқотии давлатӣ — муҳандисии сохтмонии Москва, Донишгоҳи федералии Қазони Федератсияи Русия ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ин матлабро ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода дар ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти донишкада дар соли 2024 баён намуд.
Иброз гардид, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб бо 19 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва зиёда аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷои кор равобити ҳамкорӣ дорад.
Соли равон дар донишкада 14 намоиши инфиродӣ, донишкадавӣ ва байналмилалӣ ва 8 дарси маҳорат аз ҷониби омӯзгорон гузаронида шуд.
Дар анҷоми ҷаласа як зумра устодону кормандон ва донишҷӯён барои нишон додани фаъолияти назарраси корӣ, таҳсили хубу аъло, ғалаба дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ташкили намоишҳои инфиродии эҷодӣ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






