Дар Душанбе ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Декабрь 31, 2024 08:58

ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд, дар ҷаласа масъалаи тарҳрезии нақшаи кори шуро барои соли 2025 баррасӣ гардид.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Шурои ҷамъиятӣ шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар нақшаи кори Шурои ҷамъиятӣ барои соли 2025 масъалаҳое ба нақша гирифта шуданд, ки ҳама паҳлуҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриро таҷҷасум менамоянд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин масъалаҳои муҳим ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф  ба таври муколама мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, барои беҳбудии кор тавсияҳои судманд пешниҳод шуданд.

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 31, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ