Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявии варзишӣ доир шуд

Декабрь 9, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявии варзишӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат», волейбол (мардон ва занон) ва тенниси рӯи миз байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» бо мақсади рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш гузаронида шуда, ҷоизаи он 200 000 сомониро ташкил дод. Дар даври ниҳоӣ қавитарин шоҳмотбозон аз тамоми минтақаҳои мамлакат — шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми мусобиқа сабқат намуданд.

Ҳамзамон дар маросими ҷоизасупорӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол (мардон ва занон) ва тенниси рӯи миз байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд