Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид

Декабрь 19, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси ин кумита Баҳодур Шерализода ва раиси конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-29), вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон Мухтор Бобоев баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи экология ва татбиқи Ёддошти тафоҳум байни ду мақомот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар чаҳорчӯбаи раёсати Озарбойҷон то COP-30-и оянда дар Бразилия идома диҳанд, аз ҷумла навсозии саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC 3.0), гуногунии биологӣ, масъалаҳои биёбоншавӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намоянд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ доир ба ҳамкории зич дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар чаҳорчӯбаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон бо дастгирии аксарияти мутлақи кишварҳо қабул шуда, моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба мувофиқа расиданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Декабрь 19, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд