Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид

Декабрь 13, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» аз рӯи 7 номинатсия- «Маҳсулоти бофандагӣ ва либос», «Коркарди чӯб ва маснуоти чӯбӣ», «Маҳсулоти минералии ғайриметаллӣ», «Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ», «Созҳои мусиқӣ», «Санъати нафиса» ва «Ҳунарҳои соҳаи кишоварзӣ» ҷамъбаст гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар озмун ғолибони Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намунаи ҳунарҳои худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «озмун дар асоси «Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021-2025» доир гардида, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад».

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори роҳнамоию ташаббусҳои зиёди эҳёкунандаи миллат бобати рушди ҳунарҳои миллӣ, ки таҷассумгари симои ҳақиқии миллати эҷодкор ва офаридгори мо мебошанд, аз рӯзҳои нахустини эҳёи давлати навини тоҷикон ба ташаккул додани ҳунарҳои мардумӣ иқдом намуданд».


Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода гуфт, ки «эҳё ва рушд додани анъанаю суннатҳои волою наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя ба ҳунарҳои мардумӣ намудан далели худшиносии миллӣ ва симои хоси миллӣ доштани халқи тоҷик мебошад».

«Дар ин замина дар сохторҳои вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораю корхонаҳо барои аз худ намудани ҳунарҳои гуногуни миллӣ ва муосир даврҳои кӯтоҳмуддат ҷорӣ карда шудаанд, ки ҳамасола ҳазорон нафарро ба омӯзиш фаро мегиранд», — баён гардид дар озмун.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026 таъсис дода шуда, 20 нафар аввалин ҳунармандон бо пешниҳоди дархостҳои худ соҳиби грант гардиданд.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ то имрӯз якчанд санад қабул намудааст, ки дар айни замон мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ» ва «Номгӯйи касбҳои ҳунармандӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон» тасдиқ гардида, Шуро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Таъкид шуд, ки аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод шудани ҳунармандон дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат таъсири назаррас мегузорад.

Дар охир ғолибони озмуни «Ҳунарманди сол» бо ҷоиза, Диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.


Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ «Ховар,

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 13, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд