Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 06.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон мақолаи олими тоҷик, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдарзода таҳти унвони «Президенти Тоҷикистон дар дипломатияи ҷаҳонии об пешсаф аст» бо забони англисӣ ба нашр расид,-иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар мақола омадааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илми муносибатҳои байналмилалӣ мафҳуми нав — «дипломатияи об»-ро ворид намуданд, ки дар он тамоми ташаббусу андешаҳои минбаъда оид ба истифодаи захираҳои об дар ҷаҳон гирд оварда шудаанд.
Тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Соли байналмилалии оби тоза (2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳама ин ташаббусҳо танҳо як ҳадаф – таъсиси минбари универсалӣ ва бисёрвазифагиро барои муҳокима ва дарёфти роҳҳои оптималӣ ва оқилонаи ҳалли мушкилоту хатарҳои марбут ба захираҳои об фаро мегиранд.
Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоии сиёсӣ ва ҳамзамон масъулияти худро дилпурона нишон дода, барои муттаҳидсозии минбаъдаи саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус пешвоёни сиёсии ҷаҳонӣ дар қабул ва татбиқи тадбирҳое, ки ба таъмини идоракунии устувор ва истифодаи захираҳои обӣ нигаронида шудаанд, шароит фароҳам меорад»,- менависад муаллифи мақола.
АКС: АМИТ «Ховар








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






