Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт дар нуқтаҳои савдои хӯрокворӣ, марказҳои савдо, бозорҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ бо мақсади сари вақт ошкор намудани қонуншиканиҳо бобати аз муомилот гирифтани маҳсулоти консервашудаи хонагӣ мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамзамон дар байни аҳолии ин ноҳия оид ба пешгирии бемориҳои ғизоӣ ва омилу оқибатҳои он суҳбату вохӯриҳо доир гардид.
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш, риоя намудани шартҳои технологии омодасозии маҳсулоти консервагии дар шароити хона тайёршуда, ки дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳо боиси сар задани сироятҳои ғизоӣ, аз ҷумла ботулизм мегарданд, роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ашт вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ашт ба масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла дар арафаи иду ҷашнҳо дар байни аҳолӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба ин соҳа ҷалб карда шуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






