Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд

Декабрь 19, 2024 11:13

ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони биноҳои баландошёнаи рақами 67 ва 68-и шаҳрчаи 13-уми шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар назди биноҳои худ майдончаи хурди футбол, баскетбол ва мавзеи фароғат барои пиронсолон сохта ба истифода диҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Сокинони маҳал ин ташаббуси худро ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи миллӣ — 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Баъди ба истифода додани ин майдончаҳо наврасону ҷавонони ин хонаҳои баландошёна имкони баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзиширо пайдо намуда, дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул мешаванд.

Пиронсолони ин биноҳо аз сохтмони мавзеи фароғат барои онҳо изҳори хушнудӣ намуда, ба Сарвари давлат барои зоҳир намудани чунин таваҷҷуҳу ғамҳорӣ изҳори сипос намуданд. Акнун онҳо дар ин ҷо ҷамъ омада, бо ҳамсолони худ суҳбат намуда, ба бозиҳои зеҳнӣ, аз ҷумла шоҳмот, шашка ва ғайра машғул шуда, хотири худро болида мегардонанд.

Алҳол корҳои ҳамворкунӣ ва сохтмонӣ дар ин мавзеъ оғоз гардидааст. Ҳамзамон аз ҷониби сокинон мошинсаройҳо рангубор гардида, ҳудуди он ба тартиб дароварда шуда истодааст. Истиқоматкунандагон изҳор доштанд, ки пешрафти Ватан аз ободии хонаи ҳар яки мо сар мешавад. «Аз ин ру ҳар яки мо бояд дар рушду шукуфоии Ватанамон бо обод кардани хона, кӯча, маҳал ва ноҳияву шаҳрамон саҳм гузорем»,- таъкид намуданд онҳо.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Декабрь 19, 2024 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд