Дар Суғд барои баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 70 ҳавза ташкил карда мешавад

Декабрь 11, 2024 10:38

ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд барои баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 70 ҳавза ташкил мегардад. Чунин иброз шуд 10 декабр дар иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум аз 13 нафар иборат мебошад.

Дар иҷлосия масъалаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум, ташкил намудани Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум, миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум баррасӣ шуданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Иброз гардид, ки бо назардошти ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 11, 2024 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд