Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд

Декабрь 18, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки алоқамандони синамо, муассисаҳои эҷодӣ, филмноманависон, коргардонҳо ва эҷодкорону филмофарон питчинг (рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Мақсади баргузории рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ таҳияи филмҳои гуногунжанр дар соли 2025, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонони эҷодкор ба соҳаи синамо мебошад.

Дар питчинг лоиҳаҳои гуногуни синамоӣ, аз ҷумла филми ҳунарии пурра, филми кӯтоҳи бадеӣ, филми мустанад ва филми тасвирӣ ба таври аёнӣ (слайд-шоу) ва рӯнамоӣ муаррифӣ мегарданд.

Иштирокчиёни питчинг доир ба лоиҳаҳои синамоии рӯнамоишуда ибрози андеша намуда, барои такмил ёфтану беҳтар гардидани сатҳу сифати филмномаҳо ба соҳибқаламони ҷавон маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Лоиҳаҳои синамоӣ то 19 декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» қабул карда мешаванд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Декабрь 18, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд