Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) дар мавзуи «Таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъият ва дурнамо» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар доданд, дар ҷамъомад намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва коршиносону олимони соҳа иштирок намуданд.
Иштирокдорон вобаста ба нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар таъмини эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи то соли 2038», вобаста ба ҳуқуқи инсон ба оби тоза ва безарар маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус равона гардидааст.
Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ тибқи моддаи 5, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Гуфта шуд, ки ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба оби тоза ва безарар дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешаванд. Ҳуқуқи дастрасӣ ба об на танҳо ҳуқуқи инсон, балки масъулияти муштарак барои ҳамаи мо аст. Мо бояд ҳамкориро таҳким бахшем, захираҳоро ҳифз кунем ва шароите эҷод намоем, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз ин неъмати бебаҳо баҳравар гардад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






