Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват гардиданд

Декабрь 3, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин нақши муҳимми Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва энергетикӣ баён намуда, ҳамзамон омодагии мамлакатро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобили судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноату кишоварзӣ ва муҳити зисту сайёҳӣ иброз намуд.

Ҳамзамон ба ибтикороти глобалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рӯзномаи ҷаҳонии об ишора гардида, аз кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ даъват карда шуд, ки дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар охири моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намоянд.

Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа Эъломияи Машҳад ва якчанд қарори марбут ба фаъолияти созмон қабул гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд