Доир ба рушди ҷанбаҳои кадрии сиёсати давлатии ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди ҷанбаҳои кадрии сиёсати давлатии ҷавонон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Дар конференсия таъкид шуд, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва дастгирии онҳо дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани ояндаи дурахшон ва рушди соҳаҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ барои дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккули онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбат ба ин қишри ояндадору ояндасози ҷомеа меафзояд.
Қисмати асосии аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба фаъолият фаро гирифта шуда, дар ин замина барои илмомӯзӣ ва соҳибмаърифату соҳибкасб шуданашон шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Устодони академия зимни маърузаҳо ёдовар шуданд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки давоми мавҷудияти худ ин мақомоти ваколатдори давлатӣ сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ менамояд. Ҳамчунин давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ба дастгирии ҷавонон, таъмини онҳо бо ҷойи нави кор, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро бобати инкишофи Ватанамон дастгирӣ ва шароити мусоиди фаъолиятро барои онҳо таъмин менамояд.
Иштирокдорон мавқеи ҷавононро аз диду назари илмӣ доир ба татбиқи сиёсати давлатӣ, рушди хизмати давлатӣ, идеологияи миллӣ, ташаккули арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва самаранокии низоми идоракунии сиёсӣ муайян намуда, бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






