ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон бар ҳамсолонаш аз Арабистони Саудӣ ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 19.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Фарҳодҷон Холбеков дар доираи ҷамъомади тамринӣ, ки дар шаҳри Ҷидда идома дорад, бозии дуюми дӯстона анҷом дод. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
18 декабри соли 2024 дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон боз бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бозӣ кард. Ин дафъа низ дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб гардид. Голи ягонаро дар дақиқаи 82-юм Райҳона Шомуродова ба нишон расонд. Қаблан дар рақобати санҷишии якум дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар нахустин бозии дӯстона Маҳиноз Нурова ва Райҳона Шомуродова ба дарвозаи дастаи рақиб ворид намуданд.
Бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 мебошанд, ки аз 9 то 17 октябри соли оянда баргузор мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд






