ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунад

Декабрь 21, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футбол,  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Дубай ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад, ки аз 24 то 29 декабр давом меёбад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ дастаи мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор мекунанд. Бозиҳо рӯзҳои 26 ва 28 декабр доир мегарданд.

Бояд гуфт, ки рақобатҳои дарпешистода барои наврасони мо марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ доир мешавад. Рақибони дастаи наврасони ҷумҳурӣ дар гурӯҳ 23 январ дар қуръакашии мусобиқот маълум хоҳанд шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 21, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд