ФУТБОЛ. Дмитрий Черишев сармураббии дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз президенти Клуби футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Зафар Соҳибназар дар шаҳри Москва бо мураббии шинохта Дмитрий Черишев гуфтугӯ намуд. Онҳо барои фаъолияти якҷоя дар мавсими нави 2025 ба мувофиқа расида, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар ин хусус директори дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Интизор меравад, ки Дмитрий Черишев рӯзҳои наздик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, машқу тарминҳои дастҷамъонаро дар шаҳри Душанбе ва яке аз давлатҳои хориҷи мамлакат баргузор намояд.
Бояд гуфт, ки ситоди мураббиёни Дмитрий Черишев дар давраи танаффуси футболбозон муайян карда шуда, баробари шуруъ ба тамринҳо дар аввали моҳи январ чанд футболбози ботаҷриба бо даъвати ин мутахассис ба даста дохил хоҳад шуд.
Фаъолияти мураббигии Дмитрий Черишев.
2003- Аранхуэс
2006—2010 «Реал Мадрид», дастаи кӯдакона
2010—2011 «Сибир», директори варзишӣ
2011—2012 «Волга» (НН)
2013—2014 «Зенит»
2014—2015 «Иртиш» (Павлодар)
2015—2016 «Севиля», мураббӣ
2016- Мордовия
2018—2019- Нижний Новгород
2022—2023- Санта-Колома
2024- «Шинник»
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






