Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз кард
ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳимоятгари марказии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон, ки се соли охир дар он баромад мекард, иваз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Зоир Ҷӯрабоеви 26-сола ба ҳайси футболбози озод аз дастаи «Нефтчӣ»-и Фарғона ба «Суғдиёна»-и Ҷиззах гузашт. Ҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон ду сол – солҳои 2023 ва 2024 дар ҳайати «Нефтчӣ» ҳунарнамоӣ намудааст. Инчунин соли 2018 Ҷӯрабоев шарафи тими «Металлург»-и Бекободро ҳимоя кардааст.
Зоир Ҷӯрабоев аз соли 2016 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад ва то инҷониб дар 47 рақобат як гол задааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






