ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст

Декабрь 22, 2024 08:40

ДУШАНБЕ, 22.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 декабр дар Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи энергетикҳо муқаррар шудааст. Баргузории иди касбии кормандони соҳаи энергетика дар мамлакат бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи энергетика ва арҷгузорӣ нисбат ба кормандони он мебошад.

Дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ бахши энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок дониста шудааст, зеро энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисод маҳсуб мешавад.

Бо назардошти ҳамин нуктаи муҳим Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «рушди мунтазами иқтисодиёти ҷумҳурӣ бе истиқлоли энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳама соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, барои истифодаи имконоти берунӣ барои рушди энергетика, ки яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии мамлакат дониста мешавад, бояд саъй кард».

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори истеҳсоли солонаи энергияи барқ 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ мегардад. Ин дар ҳоле аст, ки 95 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ имконпазир то ҳол аз худ нашудааст. Илова ба захираҳои гидроэнергетикӣ захираҳои зиёди тавлиди неруи барқ аз ҳисоби шамол, Офтоб ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия мавҷуд мебошанд. Талаботи дохилӣ ва минтақавӣ ба неруи барқ бунёди иқтидори нави истеҳсолӣ ва барқарорсозии иқтидори истеҳсолии мавҷударо тақозо менамояд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар соҳаи энергетика 35 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2,7 миллиард доллари амрикоӣ  татбиқ шудааст.

Дар айни замон корҳо дар доираи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд»», лоиҳаи «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди неругоҳи барқи обии «Қайроққум»», «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак»», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ», «CASA-1000-лоиҳаи дастгирии ҷомеа», «Электрофикатсияи деҳот», «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ», «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар), «Лоиҳаи рушди соҳаи энергетика» (Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара») амалӣ мегарданд.

Барои татбиқи ин лоиҳаҳо дар ҳаҷми 1 миллиарду 431 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷалб карда шудааст.

Илова бар ин, татбиқи 7 лоиҳаи дигар дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони «Неругоҳи барқи обии «Себзор»», лоиҳаи «Электрофикатсияи деҳот» (қисмати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон»-марҳилаи 1, «Лоиҳаи байнисарҳадии Шуғнон VI ё бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ Хоруғ-Шуғнон» марҳилаи 2, «Лоиҳаи самаранокии неруи барқ ва энергияи барқароршаванда» ё сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ Вамар, асосноккунии техникии неругоҳи Чарсем ва сохтмони 10 км хати интиқоли барқи 35 кВ Нулванд-Зиғар, Бунёди неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 3 МВт дар ноҳияи Шуғнон, лоиҳаи васеъкунии неругоҳи 800 кВ неругоҳи офтобӣ дар Мурғоб бо иқтидори иловагӣ ва лоиҳаи «Энергияи хусусии Помир, марҳилаи 3» ба маблағи умумии 133 миллион доллари амрикоӣ идома дода шуданд.

Тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» рушди соҳаи электроэнергетика аз рӯи консепсияи 10/10/10/10 таъмин карда мешавад, аз ҷумла:

— иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи мамлакат ба 10 гВт расонида мешавад;

— содироти солонаи неруи барқ ба мамлакатҳои минтақа ба 10 миллиард кВт/соат расонида мешавад;

— диверсификатсияи иқтидори низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафту газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳаҷми на камтар аз 10 фоиз таъмин карда мешавад;

— талафоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ то 10 фоиз паст карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар панҷ соли охир истеҳсоли неруи барқ аз 20,7 миллиард кВт/соат дар соли 2019 ба 22,5 миллиард кВт/соат дар соли 2024 баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 1,8 миллиард кВт соат ё 8,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар натиҷаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Неругоҳи барқи обии «Себзор», таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» ва сохтмони неругоҳҳои офтобию бодӣ дар 5 соли оянда иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ 4 ГВт (4000 МВт) афзоиш ёфта, то соли 2030 ба 10 ГВт (10000 МВт) баробар хоҳад шуд.

Шуруъ аз соли 2016 то ин ҷониб иқтидори содиротии мамлакат зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, аз 2,4 миллиард кВт/соат дар соли 2019 то ба 3,7 миллиард кВт/соат дар соли 2024 баробар гардид.

Шуруъ аз моҳи июни соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз 15 сол дубора ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст гардида, фаъолияти мувозии низоми энергетикии Осиёи Марказӣ бо низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Ҳамчунин бо ба кор даромадани лоиҳаҳои сохтмони хати интиқоли барқи «CASA-1000» ҳаҷми содироти неруи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути Афғонистон бештар хоҳад гардид.

Бояд гуфт, ки бунёди иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон нақши бузург мегузорад. Саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти бузург назир надорад.

Неругоҳи «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии мамлакат имконияти хуб пайдо мешавад.

Имрӯз неругоҳи «Роғун» ба майдони воқеии нангу номус ва арсаи фидокории мардум ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон табдил гардидааст. Бо пурра ба истифода додани неругоҳ Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад, ки он бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ мебошад.

17 декабр аъзои Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ зимни ҷаласа барои дар марҳилаи якуми маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷудо намудани гранти Ассотсиатсиаи байналмилалии рушд  дар ҳаҷми 350 миллион доллари амрикоӣ қарори дахлдор  қабул намуданд ва 19 декабр дар вобаста ба  ин  созишномаи молиявӣ ба имзо расид.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Пайрав Амирзода зимни ҷаласа иброз намуд, ки тақрибан 60 фоизи захираҳои оби минтақа ба  Тоҷикистон рост меояд. Тоҷикистон дар айни замон аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи «сабз» дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол мекунад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» лоиҳаи энергетикии «сабз» буда, баъди  анҷоми сохтмони  он мушкилоти норасоии барқ  дар  мамлакат бартараф мегардад ва фаъолияти он барои кишварҳои  минтақа низ метавонад манфиатовар бошад. Неругоҳ дар коҳиши  партовҳои карбонӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ бозида, ба кам кардани карбонҳои шабакаҳои барқ дар саросари Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Дарвоқеъ, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои иқтисоди Тоҷикистон, некӯаҳволии мардуми он ва таъмини давлатҳои минтақа бо барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ безарар   ниҳоят  муҳим аст. Неругоҳ пас аз анҷомёбӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои калидии стратегии мамлакат – истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2024 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши энергетика баррасӣ шуд