ИНТИХОБОТ-ЗАМИНАИ АСОСИИ ҶОМЕАИ МАРДУМСОЛОР. Тоҷикистон барои баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 14.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Сарчашмаи асосие, ки озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро таъмин менамояд, интихобот мебошад. Дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи сиёсии ҳама шаҳрвандон дар интихобот таҷассум меёбад. Ҳамин аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 марти соли 2025 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст.
— Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳим фаъолона иштирок намуда, роҳи ояндаи неки худ ва давлату миллатро муайян месозад.
Дар замони муосир интихобот яке аз воситаҳои асосӣ ва қонунии иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ маҳсуб мешавад. Шаҳрвандон ҳангоми иштирок дар интихобот яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии худро дар амал татбиқ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон роҳи рушди демократиро пеш гирифта, дар самти амалан татбиқ намудани ҳуқуқи асосии шаҳрвандон – ҳуқуқи ба таври озод интихоб намудан ва интихоб шуданро ноил гардид, ки халқ воқеан, манбаи ҳокимият буданашро собит менамояд. Аз ин рӯ, моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба таври озод интихоб намудан ва интихоб шуданро барои шаҳрвандон кафолат медиҳад.
Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштаанд: «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад». Ин маъракаи сиёсӣ барои татбиқи дурнамои ҳифзи иҷтимоии халқи мамлакат гузаронида мешавад.
Яке аз талаботи асосии низоми сиёсӣ дар ҷомеаи демократӣ интихоботи озоду шаффоф аст. Мафҳуми демократия низ ҳамин чизро тақозо мекунад. Ҳокимият тавассути намояндаи халқ идора карда мешавад, ки маънои ҳокимият дар дасти халқ буданро дорад. Саромади ҳокимияти сиёсӣ халқ қарор мегирад. Халқ намояндаи худро ба таври озод интихоб мекунад.
Интихобот ҳамчун маъракаи сиёсӣ, пеш аз ҳама, барои наслҳои имрӯзу ояндаи мамлакат шароити хуб фароҳам меорад. Агар ҳар фарди комилҳуқуқ дар интихобот софдилона ва бо иродаи қавӣ овоз диҳад, пас ояндаи дурахшони давлату миллатро бо садоқатмандӣ интихоб менамояд. Аз ин рӯ, ташкил ва баргузории интихобот ба якчанд масъалаи ҳаётан муҳимми соҳаҳои гуногун беҳбудӣ хоҳад бахшид, аз ҷумла, сулҳу суботи комилро пойдор нигоҳ хоҳад дошт. Мардуми бонангу номуси мамлакат дар маъракаи интихоботӣ фаъолона иштирок менамоянд, ба ҳамин васила бори дигар собит менамоянд, ки дорои маданияти сиёсии баланд буда, нисбат ба ояндаи давлату миллат бетараф нестанд. Интихобот бо назардошти манфиатҳои миллию давлатдории тоҷикон доир мегардад.
Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ бо роҳи интихоботи озод таъсис додани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Дар робита ба ин, дар моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».
Имрӯз сокинони мамлакат сарфи назар аз миллият ва эътиқоди динӣ Тоҷикистонро Ватани умумию ягонаи шаҳрвандони он ва тамоми тоҷикони дунё меҳисобанд ва дӯст доштану таъмин кардани амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии онро вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд медонанд. Асоси пешрафти Тоҷикистон дар шароити кунунӣ ташаккули фарҳанги сулҳ мебошад, ки пойдевори воқеии ҳалли муқовимат ва расидан ба сулҳу ваҳдату ризоияти миллӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи омори иқтисодию иҷтимоӣ сол аз сол рушд меёбад. Имрӯз барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни дорои арзишу аҳамияти аввалиндараҷа дар сатҳи назаррас таҳия мешаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зина ба зина баланд бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум ва рушди бебозгашти сиёсату иқтисод ва фарҳанги миллӣ имкони муносиб фароҳам меоварад. Бо мақсади амалӣ кардани тадбирҳои созандаю муассир доир ба муҳайё намудани шароити зиндагии арзанда баргузории интихобот барои ҳар шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар фард нақши муҳим дорад.
Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудани Тоҷикистон ба давраи нави созандагӣ имкони хуб фароҳам оварда, ба ташаккули афкори иҷтимоии мардум мусоидат менамояд.
Тоҷикистон бисёр марҳилаҳои умдаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангиро аз сар гузаронидааст. Тағйироти куллӣ дар мамлакат натиҷаи хизматҳои содиқона, софдилона ва ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамдилӣ бо мардуми тоҷик буда, ҳосили муҳаббату самимият ба хотири бунёди Тоҷикистони нави озоду обод, демократӣ, ягона ва ҳуқуқбунёд мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки иштироки фаъоли сокинон дар интихобот аз фарҳанги баланд ва маърифати комили ҳуқуқии мардуми он шаҳодат медиҳад.
Ҳамин аст, ки бо интихоботи навбатии Тоҷикистон дар ҷомеа падидаҳои тоза ва ибратомӯз, вусъат бахшидани масъалаҳои ҳалталаби сиёсӣ, иҷтимоӣ, саноатӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра амалӣ хоҳанд шуд. Интихобот дар таърихи давлатдории тоҷикон амали устувор ва падидаи муҳим мебошад ва пайваста мардумро ба ояндаи боз ҳам ҳам дурахшони Ватан дилгарм месозад .
Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»