Кӯдакистонҳои ноҳияи Мастчоҳ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд

Декабрь 29, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ ба насли наврас кӯдакистонҳои ноҳияи Мастчоҳро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, ба кӯдакистонҳо таҷҳизоти нав, аз ҷумла катҳои хоб, мизу курсӣ, ҷевонҳои либос ва ҷевонҳо барои бозичаҳо дастрас шуданд.

Ин иқдом ба беҳтар намудани шароити тарбия ва омӯзиши кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ равона гардида, ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии томактабӣ мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Декабрь 29, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд