Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи он Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар бораи ба марҳилаи нави рушд ворид шудани вилоят, аз ҷумла пешрафту тараққиёт дар солҳои 2023-2024, ки ба ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят рост меоянд, сухан гуфт.
Соли равон бо иштироки мардуми сарбаланди вилоят тамоми чорабиниҳои давлатӣ ва касбӣ дар сатҳи баланд доир гардиданд.
Зимни мулоқот ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек доир ба сатҳу сифати таҳсил, таълиму тарбия, созандагию бунёдкорӣ ва фаъолияти минбаъдаи донишгоҳ маълумот дод.
Бояд гуфт, ки китобхонаи донишгоҳ пурра навсозӣ шуда, бо тарҳи нав ва таҷҳизоти нави муосир ҷиҳозонида шудааст. Дар китобхона хизматрасонии нав- дастрасии озоди китоб амалӣ гардидааст.
Таъкид шуд, ки имрӯз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баръало ба мушоҳида мерасад. Ҳоло дар вилоят садҳо иншооту корхонаҳои муосир мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин нишони он аст, ки шароити зиндагӣ ва инфрасохтори минтақа боз ҳам беҳтар мегардад.
Имрӯзҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои вилоят рушди бемайлон касб намуда, пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Истифодаи оқилонаи замин ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ҳамеша мавриди назар қарор дорад. Бо пешрафти соҳаҳои иқтисод ва кишоварзӣ зиндагии мардуми вилоят боз ҳам беҳтар мегардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






