Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»

Декабрь 22, 2024 09:10

ДУШАНБЕ, 22.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳавасмандгардонӣ ва имтиёздиҳӣ ба ҳунармандон тадбири саривақтӣ ва муҳим буда,  метавонад ба ташкили ҷойҳои нави корӣ  ва беҳтар шудани вазъи  иҷтимоию иқтисодии оилаҳо гардад. Иштироки ҳунармандон  дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба боз ҳам сайқал ёфтани ҳунари онҳо мусоидат менамояд. Чунин гуфт кулолгар Фозил Носиров аз шаҳри Турсунзода.

Фозил Носиров аз зумраи он ҳунармандоне мебошад, ки  маҳсули дастонаш на танҳо утоқи корию манзилҳои зисти ҳамватанонро зеб медиҳад, балки писанди меҳмонони хориҷӣ  дар намоишгоҳҳо гардидааст. Махсусан сайёҳони хориҷӣ ба кӯзаю гулдонҳои  сохтаи ӯ бо ҳавас нигариста, онҳоро  харида, ҳамчун армуғон бо худ мебаранд.  Ин ҳунарманд беш аз 30 сол аст бо ҳунари кулолгарӣ рӯзгорашро таъмин менамояд.

Фозил Носиров дар хонааш устохонаи кулолгарӣ таъсис дода,  ҳама аъзои оилаи ӯ  ба ин навъи ҳунар машғул мебошанд.

Маҳсули эҷоди ҳунарманд рангоранг буда, бештар кӯза, гулдон, косаю табақ ва армуғонҳои гуногунро бо сабки миллӣ омода мекунад.

«Он нақшаи эҷодеро, ки дар зеҳни ман пайдо мешавад, аввал рӯи қоғаз меорам. Сипас, онро бо гаҷ қолаб гирифта, хушк месозам. Пас аз хушк шудан онро бо лой ба қолаб мерезам ва каме хушк карда, дар оташдон мегузорам, то пухта гардад. Баъдан онро оро медиҳем. Барои омода намудани маҳсулоти ҳунармандиамон аз деҳаи Қаратоғ хок меорем»,-гуфт кулолгар.

Ҳунарманд дар маҳсулоти омоданамудааш, хусусан армуғонҳо бештар нақши атласу адрас ва чаканро тасвир месозад.

«Кӯшиш мекунем армуғонҳое омода намоем, ки дар арсаи байналмилалӣ муаррифи Тоҷикистон бошанд. Аз ҳамин сабаб нақшу нигори миллиро дар маҳсулоти кулолӣ бештар тасвир менамоем. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он талабот ба армуғонҳое, ки дар онҳо нақши атласу адрас ва чакан аст, зиёд мебошад»,-мегӯяд ҳунарманд.

Шумораи корҳои эҷодии ҳунарманд Фозил Носиров беш аз 60 навъро ташкил медиҳад. Кулолгар мегӯяд, ки онҳо аслан армуғонҳое омода мекунанд, ки харидори бештар доранд.

«Масалан ҳуштакҳое, ки барои кӯдакон омода мекунем, дар тамоми ҷашнҳои миллӣ истифода бурда мешаванд, зеро онҳо фазои идона меофаранд, дили кӯдаконро хурсанд мекунанд ва ҳамеша дуркунандаи ғам мебошанд. Дар ҷумҳурӣ ин навъи ҳуштакҳоро бештар мо тайёр мекунем, ки ин нишона аз услуби кори устодам Ашӯралӣ Ёдгоров аст»,-гуфт  Фозил Носиров.

Ин ҳунарманд дар намоишҳои ҳунармандии мамлакат ва дигар давлатҳо фаъолона иштирок менамояд. Имсол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди  сол» ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» сазовори ҷойи дуюм гардид.

Ҳамчунин соли 2014 дар «Фестивали байналмилалии сайёҳӣ ва ҳунармандӣ» дар Ҷумҳурии Қирғизистон,  соли 2017 дар «Рӯзҳои мероси Шарҷа» дар Амороти Муттаҳидаи Араб, соли 2019 дар «Намоишгоҳи ҳунармандӣ» дар  Ҷумҳурии Қазоқистон, соли 2022 дар намоиши байналмилалии «Фестивали сайёҳӣ» дар Ҷумҳурии Узбекистон,  соли 2023 дар «Намоишгоҳи  байналмилалии китоби Теҳрон» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва соли 2023 дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, ҳунари қадимии халқи тоҷикро муаррифӣ намуд.

«Ҳама ин сафарҳоям мактаби бузурги омӯзишӣ буданд. Мактабе, ки барои муаррифии беҳтарин дастовардҳои ҳунармандони  тоҷик дар арсаи ҷаҳон мусоидат мекунад»,-иброз медорад ҳунарманд.

Ба андешаи ӯ, баргузории чунин озмунҳо ба мактаби «Устоду шогирд» заминаи хуб мегузорад ва имкон медиҳад, ки ин гуна ҳунарҳои қадимӣ аз устод ба шогирд ва ҳамин тавр, ба дигарон низ дастрас гарданд.

Фозил Носиров то имрӯз дар самти кулолгарӣ шогирдони зиёдеро дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав омода намуда, ба онҳо нозукиҳои ин касбро  омӯзонидааст. Шогирдон ба ӯ дар офаридану ородиҳии маҳсулоти кулолӣ, хосса армуғонҳо ёрӣ мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон пайваста рушд менамоянд. Қабули барномаю стратегияҳо барои рушди ҳунармандӣ дар мамлакат, аз ҷумла «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд.

Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад. Дар ин замина имкон пайдо мегардад, ки ҳунармандону косибон тавассути чорабиниҳои оммавӣ ва намоишгоҳҳо маҳсулоташонро дар мамлакат ва берун аз он муаррифӣ намоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2024 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери дар Хуҷанд сурудҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федерстсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо фарҳанги қадимаи миллати тоҷик аз наздик шинос гардид
Ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш 59 ҳазор нусха адабиёт ворид гардид
Дар Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи фалак чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд
ФАЛАК-ИФОДАИ РОЗУ НИЁЗ, ТАЛАБУ ХОСТАҲОИ МАРДУМ. Ин мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия, Эрон ва Қирғизистон баргузор мегарданд
Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои таърихи халқи тоҷик шинос шуд
Дар Русия Конгресси дуюми Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон баргузор гардид
«Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали байналмилалии Исфаҳон соҳиби нахустин ҷоизаи байналмилалӣ гардид
Оид ба саҳми таърихии мардумони Тоҷикистону Русия дар Ҷанги дуюми ҷаҳон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Ансамбли давлатии «Фалак»-и Тоҷикистон дар ҷашнвораи «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг» дар Сеул иштирок намуд