Лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад

Декабрь 12, 2024 13:52

ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар шаҳри Ҳисор ҷаласаи чоруми корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуд. Ҷаласаи корӣ то 13 декабр идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа намояндагон аз раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок доранд.

Лоиҳаи Кодекси энергетикӣ, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад, фарогири масъалаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, азхудкунии манбаъҳои барқароршавндаи энергия, неруи барқ, гармӣ ва геотермалӣ буда, муносибатҳоро дар ин самт ба танзим медарорад.

Дар ин замина таҳияи санадҳои меъёрии зерқонунӣ, ки қисмати техникии соҳаро низ ба танзим медароранд, дар назар аст.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2024 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад