МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд

Декабрь 8, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Турб сабзавоте аст, ки истеъмоли оби он ҷудошавии шираи меъдаро метезонад ва ҳазми хӯрокро дар организм беҳтар намуда, кори рӯдаро тақвият мебахшад ва ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд. Абӯалӣ ибни Сино турби дар асал хобондаро ҳангоми илтиҳоби роҳи нафас, сил ва сулфа бисёр давои фоидаовар фармудааст. Мутаассифона, бо вуҷуди дар бозорҳои мамлакат фаровону арзон будани турб сокинон  ҳангоми тановули ғизо аз он кам истифода мебаранд.

Ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли оби турб мубодилаи моддаҳоро дар организм метезонад. Турб оби зиёд, вале калорияи паст дорад. Ҳамзамон чун хӯриш истеъмол намудани он ба организм фоидабахш аст. Хӯрдани турбро барои узвҳои даруни сина, паҳлу ва сипурз мувофиқ мешуморанд. Инчунин тухмашро агар ҳар рӯз бихӯранд, ба ин узвҳо фоида мебахшад.

Табиби машҳур Ибни Мосавия чунин гуфтааст: «Оби турбро бинӯшанд, таомро ҳазм менамояд, гиреҳҳои рагҳоро дар ҷигар ва сипурз мекушояд; ба истисқо, иллатҳои сипурз ва зардпарвин фоида дорад; тухмаш бодҳои дарунро пароканда менамояд, иштиҳо меоварад, пасмондаи ғизоро ба зудӣ аз рӯдаҳо берун меронад ва барои дарди ҷигар нафъ дорад».

Агар хӯроки вазнин истеъмол намуда, аз болояш 2,5 г тухми турбро хоида бихӯранд, онро зуд ҳазм менамояд. Ҳар рӯз аз тухмаш як маҳал 2 — 3 г бихӯранд, дарди пайвандҳо (буғумҳо)-ро ба ислоҳ меоварад ва хориши баданро, ки сабабаш бисёр ҷамъ шудани балғам бошад, нест мекунад. Худи турбро низ бихӯранд, ин бемориҳоро рафъ месозад.

Дар «Канзи шифо» омадааст, ки агар турбро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сулфаи кӯҳнаи чандвақтаро шифо ва дарди гулӯро сиҳат менамояд.

Турб барои меъда бо як хислаташ зарарнок аст, ки оруғ меоварад. Таом хӯрда, аз болояш турб истеъмол намоянд, шикамро мулоим мекунад ва барои ғизоро ба узвҳои бадан фиристодан кумак медиҳад.

Тавре табибон тавсия медиҳанд, турб барои иваз намудани норасоии витаминҳо ва намакҳои минералӣ дар бадан хеле муфид аст. Он хусусияти қавии зиддимикробӣ дошта, шарбаташро барои фаъолияти дурусти рӯда ва мустаҳкамкунии мӯй истеъмол менамоянд. Ин сабзавот ба системаи ҳозимаи инсон таъсири мусбат расонида, итеъмолаш атеросклероз, варамҳо, пайдоиши сангҳо дар роҳҳои пешобро бартараф месозад. Ҳамзамон дар тибби халқӣ турби аз турбтарошак баровардаро барои рафъи радикулит истифода мебаранд.

Турб сабзавоте аст, ки ҳарорати баданро ба меъёр меорад. Он ҳарорати баданро фароварда, сардиҳоро, ки аз ҳарорати пешбинишуда ба вуҷуд омадаанд, бартараф месозад. Дар ин ҳолат ба оби турб камтар намак андохта, нӯшидан фоидабахш аст. Инчунин турб бар зидди сироятҳое, ки ҳароратро мебардоранд, мубориза мебарад. Истеъмоли шарбати турб ҳамроҳ бо сабзӣ ва лаблабу барои камхунӣ воситаи хуб мебошад.

Мутахассисони соҳаи тиб хӯрдани турбро дар ҳолатҳои зерин тавсия намедиҳанд: дар вақти ҳомиладорӣ, илтиҳоби рӯдаи ғафс ва борик, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва гурда (ба истиснои ҳолатҳои ташаккули санг) ва дар гастрит бо кислотаи баланд. Одамоне, ки чанде пеш сактаи дил (инфаркт)-ро аз сар гузаронидаанд, набояд турбро аз меъёр зиёд истеъмол намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 8, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст