Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо муовини мудири шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Чен Чжоу мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Дар мулоқот Чен Чжоу роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо баргузории Анҷумани навбатӣ ва интихоби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, бо боварӣ иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти он дар самти муносибатҳои хориҷӣ ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас ноил мегардад.
Дар вохӯрӣ мусоҳибон таъкид намуданд, ки натиҷаи ҳамкории тарафҳо боварии моро ба ояндаи дурахшон боз ҳам устувортар мегардонад. Дар ҷаҳони имрӯза нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар рушди муносибатҳо ҳамеша калидӣ буда, метавонад натиҷаҳои самарабахш ба бор оварад. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва эҳтирому эътимод бомуваффақият инкишоф меёбанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дастовардҳои назарраси ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуда, изҳори итминон намуданд, ки ин муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати дарозмуддати ҳар ду давлат, таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат хоҳад кард.
АКС: Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






