Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 14 декабр дар шаҳри Лиони Ҷумҳурии Фаронса таҳти роҳбарии Иттиҳоди Аврупо ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тандурустӣ баргузор гардид. Намояндаи Тоҷикистон дар қатори намояндагони 120 давлати аъзои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ин вохӯрӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ислоҳоти маблағгузории соҳа, таъмини кадрҳои тибби оилавӣ ба шабакаи Кумаки аввалини тиббӣ-санитарӣ, рақамикунонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ бо ҷалби шарикони рушд баррасӣ шуданд.
Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода дастовардҳои назарраси соҳаи тибби Тоҷикистонро дар шакли маълумоти иттилоотӣ, видероликҳо ва рӯнамо муаррифӣ намуд.
Иброз гардид, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2021 то инҷониб масъалаи таъмини ин сохтор бо табибон аз 14% ба 7,2% коҳиш ёфта, соҳа бо ҳамшираҳои тиббӣ пурра таъмин шуд.
Ҳамчунин иброз шуд, ки нақшаи миллии амал оид ба захираҳои кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ барои сармоягузорӣ ба тибби оилавӣ ва Кумаки аввалини тиббӣ-санитарӣ дар шакли лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идора ва сохторҳои давлатӣ пешниҳод гардид.
Ҳамчунин барои ривоҷ додани ҳамкории минбаъда бо намояндагони шарикони рушд бобати таъмини дастрасии умумии аҳолии Тоҷикистон ба хизматрасонии тиббӣ вохӯриҳо доир шуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд






