НАТИҶАҲОИ МУҲИМИ СОЛ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ. Мусоҳиба оид ба робитаҳои фарҳангию иқтисодӣ байни ду давлат
ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия бар анъанаҳои деринаи дӯстӣ, эҳтироми тарафайн ва дастгирии ҳамаҷониба асос ёфтаанд. Давоми се даҳсола робитаҳо байни давлатҳои мо мунтазам рушд ёфта, васеъ мегардиданд ва мазмуни тоза касб мекарданд. Давоми ин солҳо бисёр рӯйдодҳои зиёди муҳим ба амал омаданд, ки ба таҳким ёфтани робитаҳо дар заминаи шартномавию ҳуқуқӣ мусоидат карданд. Оид ба натиҷаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия, лоиҳаҳои муштарак ва дурнамои тараққиёти ҳамкорӣ мухбири АМИТ «Ховар» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев мусоҳиба анҷом дод.
— Ҷаноби Сафир, дар фарҷоми соли 2024 Шумо ба натиҷаҳои асосӣ дар робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия чӣ гуна баҳо медиҳед?
— Соли 2024-ум Русия дар раванди тағйироти геополитикӣ яке аз ҷойҳои марказиро ишғол намуд. Чунин чорабиниҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, амсоли Саммити БРИКС дар Қазон ва конфронси вазирони Форуми ҳамкории «Русия – Африқо» дар Сочи доир гардиданд. Мо аз он шодем, ки дар ин чорабиниҳо моро дӯстони деринаамон, аз қабили Тоҷикистон дастгирӣ намуданд ва муносибатҳои мо чун пешина дар руҳияи шарикии стратегӣ ва дастгирии тарафайн рушд мекунанд.
Бешубҳа, дар таҳкими муколамаи дуҷонибаи мо нақши роҳбарони ду давлат хеле муҳим аст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се маротиба ба Русия ташриф оварданд ва ҳоло мо он касро охири моҳи декабр дар Саммити ҳарсолаи ғайрирасмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интизорем. Ин имконияти хуб барои бори дигар дақиқ намудани масоили муҳими рӯз аст.
Мехоҳам таъкид намоям, ки ҳамкории сермаҳсул бо ҳамкасбони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай тақвият меёбад. Чуноне ки маълум аст, соли оянда Тоҷикистон ба ҷои Русия дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисӣ хоҳад кард. Итминон дорем, ки масъалаҳое, ки роҳбарияти Тоҷикистон дар ин давра ба миён мегузоранд, ҳалли мувафаққонаи худро меёбанд. Барои расидан ба ин ҳадаф мо якҷо кор хоҳем кард.
Ҳамкорӣ дар самти парлумонӣ низ таҳким меёбад, ки ба ин муносибатҳои эътимоднок байни спикерҳои палатаҳои болоии парлумонҳои давлатҳои мо- Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко мусоидат менамоянд. Вақтҳои охир онҳо ду маротиба мулоқоти шахсӣ намуданд — моҳи октябр дар Душанбе ва чанде пеш дар Санкт – Петербург дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
Робитаҳои байниминтақавӣ низ босуръат рушд менамоянд. Имсол барои иштирок дар намоишгоҳҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба Тоҷикистон губернаторҳои вилоятҳои Кострома, Пенза ва Новосибирск, инчунин намояндагони дигар минтақаҳои Русия ташриф оварданд.
— Вазъияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни давлатҳои мо соли 2024 чӣ гуна буд? Дар кадом соҳаҳо муваффақият бештар буд ва дар кадом соҳаҳо имконияти нави сармоягузорӣ мавҷуд аст?
— Русия чун солҳои пешин шарики калидии Тоҷикистон дар соҳаи тиҷорату иқтисод мебошад. Гардиши мол байни давлатҳои мо торафт меафзояд. Нишондиҳандаҳои он дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 тақрибан 1,4 миллиард долларро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 18,4% зиёд аст.
Дар Тоҷикистон талабот ба маҳсулоти нафтии Русия, ҳамчунин чӯбин, маҳсулоти кимиёвӣ ва фулузот ба таври анъанавӣ зиёд аст. Молҳои рӯзмарра, ки дар Русия истеҳсол мешаванд, дар бозорҳои Тоҷикистон харидори зиёд доранд.
Соли равон воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, маҳсулоти хоми кишоварзӣ ва маҳсулоти селлюлозаю коғазӣ хеле афзуд.
Русия ҳамоно яке аз сармоягузорони асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳаҷми умумии сармоягузории Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Соҳаҳои ояндадори ҳамкорӣ — энергетика, саноати кӯҳӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, кишоварзӣ, алоқа, саноати сабук ва молия маҳсуб мешаванд.
— Семен Вячеславович, кадом комёбиҳоро дар доираи татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, инфрасохтор ва тиҷорат метавонед баён намоед?
— Ширкатҳои Русия дар рушди бахши энергетикии Тоҷикистон фаъолона саҳм мегузоранд. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда -1» муваффақона фаъолият дорад ва яке аз пешсафони истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат ба ҳисоб меравад. Таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии истеҳсоли Русия дар таъмир, таҷдид ва сохтмони иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон васеъ истифода мешаванд.
Воридоти таҷҳизоти муосир барои соҳаи кишоварзӣ муназзам меафзояд. Истеъмолкунандагони Тоҷикистон ба маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолкунандагони бузурги Русия — Ҷамъияти саҳомии «Клевер» ва Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Завод «АГРОМАШ» баҳои баланд медиҳанд.
Ифтитоҳи дилери расмии LADA дар Тоҷикистон соли равон рӯйдоди муҳим гардид. Ин имкон медиҳад, ки воридоти мошинҳои босифат барои истеъмолкунандагони тоҷик ба таври назаррас афзояд.
— Лутфан бигӯед, ки ҳамкории гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Русия чӣ гуна рушд мекунад?
— Ин яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбанда дар тамоми бахшҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия мебошад. Ин ба ҳамкории зич дар соҳаи маориф асос ёфтааст. Чунонки Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин зимни яке аз сафарҳояш ба Тоҷикистон таъкид намуда буд, маориф соҳаи намунавӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия мебошад. Ва мо аз ин хеле шодем.
Воқеан, соҳаи маорифи Русия дар ҳама зинаҳо дар Тоҷикистон хеле серталаб аст. Дар ҷумҳурӣ 3 мактаби русӣ ва 59 мактаб бо таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ амал мекунанд, 5 мактаби нав аз ҷониби Президентҳои ду давлат- Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2022 ифтитоҳ гардиданд. Филиалҳои мактабҳои олии Русия — Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов, Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологии МИСиС, Донишгоҳи миллии тадқиқотии МЭИ, инчунин Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон амал мекунанд.
Чанд мисол меорам. Аз 40 ҳазор донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, тақрибан 33 ҳазор нафарашон дар қаламрави Федератсияи Русия таҳсил мекунанд. Ҳукумати кишвари мо ҳар сол барои ҷойҳои буҷавӣ дар мактабҳои олии Русия квота ҷудо мекунад ва он имсол 1000 ҷойро ташкил кард. Ин квота ҳамеша 100% иҷро мешавад. Масалан, соли раовн ба 1000 ҷой аз ҷониби довталабони тоҷик зиёда аз 4 ҳазор дархост ворид гардид. Ба ҷуз квота боз ба миқдори зиёд ҷойҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ мавҷуданд, ки ба ҷавонони Тоҷикистон бевосита аз ҷониби донишгоҳҳои Русия пешниҳод карда мешаванд.
Имсол мо дар Тоҷикистон ду намоишгоҳи муассисаҳои соҳаи маорифи Русияро баргузор намудем – яке моҳи апрел дар доираи Фестивали байналмилалии донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, дуввум моҳи октябр дар доираи донишгоҳҳои Русия ва Беларус. Намоишгоҳи навбатӣ моҳи апрели соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Таҳти роҳбарии Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко аз соли 2017 Лоиҳаи муштараки «омӯзгори Русия дар хориҷа» амалӣ карда мешавад, ки дар доираи он омӯзгорони Русия барои кор ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар айни замон дар мактабҳои маҳаллӣ 82 нафар омӯзгори рус кор мекунанд ва имсол теъдоди онҳо то ба 117 нафар мерасад. Аз ҷониби Тоҷикистон китобҳои дарсӣ, адабиёти методӣ ва публитсистӣ ба мактабҳо, аз ҷумла мактабҳои олии Тоҷикистон ворид мегарданд, ки ин ҳам кумаки назаррас аст.
Соли 2024 дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли ҳаракати волонтёрӣ эълон карда шуд. Мо низ барои амалӣ гаштани якчанд лоиҳаҳои марбут ба ин мавзуъ мусоидат намудем. Барои мисол, Мактаби байналмилалии эковолонтёрҳо дар қаламрави мамнуъгоҳи биосферии «Ромит», ки аз ҷониби мутахассисони Русия амалӣ гардид. Ба ин лоиҳаи байналмилалии «Миссия добра» бо иштироки сурдопедагогҳо ва коршиносон оид ба пешгирии буллинг ва кибербуллинги Русия мисол шуда метавонад. Волонтёрҳои тоҷик, ки ба омӯхтани мавзуи экология машғуланд, ба Русия барои таҷрибаомӯзӣ рафта буданд.
Бо дастгирии намояндагии «Россотрудничество» Мубориз Каримови 12-сола аз Мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор ба Фестивали байналмилалии накукорӣ- «Белая трость» (Асои сафед) ба Москва даъват шуд ва дар гала-консерт бо ҳунармандони маъруфи эстрадаи Русия иштирок кард.
Фаъолияти волонтёрӣ ба дигар самтҳо низ тааллуқ дорад. Ҳоло, масалан, дар Тоҷикистон мутахассисони забони русӣ – иштирокчиёни ду лоиҳаи байналмилалии гуманитарӣ – «Магистрҳои забони русӣ» ва «Волонтёрон барои забони русӣ» қарор доранд. Дар моҳи декабр ба онҳо 16 иштирокчии лоиҳаи «Сафирони забони русӣ» ҳамроҳ хоҳанд шуд ва дар Хуҷанд чорабиниҳоро марбут ба соҳаи маориф мегузаронанд.
Дар бахши гуманитарӣ ба кор бо ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Моҳи марти соли равон дар кишвари Краснодар дар қаламрави федералии «Сириус» фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон баргузор шуд. Дар қатори 20 ҳазор ҷавони фаъол дар соҳаҳои робитаҳои байналмилалӣ, фарҳанг, илм, маориф, варзиш ва ғайра 270 нафар вакил аз Тоҷикистон низ иштирок карданд.
Намояндагони Тоҷикистон аз рӯи анъана дар барномаҳои гуногуне, ки аз ҷониби «Россотрудничество» баргузар мешаванд, аз қабили «Салом, Русия» ва «Насли нав», инчунин дигар барномаҳои зиёди соҳаи фарҳангу маориф, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия доир мегарданд, иштирок мекунанд. Мутахассисони ҷавони соҳаҳои гуногун-китобхоначиён, олимон, муҳандисон, ҳунармандон, ходимони фарҳанг, соҳаи тандурустӣ, рӯзноманигорон, дипломатҳо – дар марказҳои пешбари Русия таҷриба меомӯзанд, ки ин ба онҳо на фақат барои баланд бардоштани тахассус, балки барои шиносоӣ ва ҳамкории минбаъда бо мутахассисони мисли худашон ҷавон аз тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад.
Чун сухан аз фарҳангу санъат рафт, мехоҳам ду ташаббуси калони кишвари моро баён намоям. Инҳо сохтмони бинои Театри давлатии русии драмавии ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе ва бинои Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат мебошанд. Мутобиқи нақшаи мо ин ду иншоот моҳи сентябри соли 2027 ба истифода дода мешаванд.
Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг хеле ҷолиб аст. Он ба фазои ягонаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ асос ёфта, аз арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии халқҳоямон сарчашма мегирад.
Ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мо дар соҳаи театр ба сатҳи баланд расидааст. Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С.Герасимов (ВГИК) ҳар сол гурӯҳи ҷавононро аз Тоҷикистон ба ҳайси донишҷӯ дар факултаҳои гуногун қабул мекунад. Пас аз бозгашт ба ватан (ин шарти ҳатмии иштирокчиёни лоиҳа аст) хатмкунандагони ин донишкадаи машҳур ба ҳайати гурӯҳҳои театрии ҷумҳурӣ қабул мешаванд, сафи ҳунарпешагонро зиёд менамоянд ва дар пешбурди санъати театрӣ саҳм мегузоранд. Театрҳои маъруфи Русия- Театри миллии драмавии Русия (Александринка), Театри «Операи Санкт-Петербург», инчунин Донишкадаи давлатии Русия оид ба санъати саҳнавӣ давоми соли раовн дар Тоҷикистон мактабҳои театрӣ ташкил карда истодаанд. Мо минбаъд низ дар ин самт ҳамкории зич хоҳем кард.
Федератсияи Русия ба театрҳои русӣ дар хориҷа мудом дасти кумак дароз мекунад. Дар доираи барномаҳои мутобиқ дастаи ҳунарпешагон аз Театри ба номи Владимир Маяковский моҳи апрел ба шаҳри Санкт-Петербург сафари эҷодӣ намуд, намояндагони Донишкадаи санъати театрии Русия – Гитис моҳи ноябр бо Театри ба номи Владимир Маяковский дар бораи ҳамкорӣ шартнома бастанд ва ду намоишро аз рӯи асарҳои Антон Чехов ва Николай Гогол «Вишневый сад» ва «Женитьба» ба намоиш гузоштанд. Худи ман ҳарду намоишро тамошо кардам ва бозии ҳунарпешагон ба ман хеле хуш омад. Ба сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт тавсия медиҳам, ки ин намоишҳоро, ки бо маҳорати баланд омода шудаанд, тамошо кунанд.
Мо бо Тоҷикистон дар соҳаи синамо низ ҳамкории пурмаҳсул дорем. Дар айни замон кор аз болои лоиҳаи муштараки «Тоҷикфилм» ва Киностудияи «Лендок»-и Санкт-Петербург идома дорад, ки дар натиҷа филми «Сукут дар кӯҳистон» ба навор гирифта мешавад.
Имсол дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Русия ва аксияи «Шаби кино» баргузор шуданд, ки дар онҳо ба тамошобинон филмҳои нави кинематографияи Русия пешниҳод карда шуданд.
Ҳайатҳои эҷодӣ ва ходимони соҳаи фарҳанги Русия мунтазам ба Тоҷикистон меоянд. Дар доираи як мусоҳиба ибрози ҳама корҳои анҷомёфта ғайриимкон аст, биноан танҳо аз баъзе сафарҳои эҷодии имсола, ки Оркестри марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия, хори монастирии Сретенскийи Москва, Хори Туркӣ, Ансамбли суруд ва рақси флоти Парчами Сурхдори Баҳри Сиёҳ, Ансамбли давлатии академии хореографии «Березка» анҷом додаанд, ёдовар мешавам.
— Дар соли 2024 дар соҳаи маориф чӣ гуна навоварӣ барои беҳтар намудани табодули академӣ ва ҳамкорӣ бо мактабҳои олии Русия дар Тоҷикистон ба амал омад?
— Ба ҷуз намоишгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ, ки дар боло гуфта шуд, «Россотрудничество» бо дастгирии донишгоҳҳои пешрафтаи Русия имсол Форуми роҳбарони мактабҳо, омӯзгорони забони русӣ ва дигар фанҳоро доир намуд, ки дар он беш аз 300 нафар иштирок карданд, ҳамчунин «Ҳафтаи математика, физика ва илмҳои компютерӣ», як силсила олимпиадаҳо, барномаҳои таълимӣ ва даврҳои такмили ихтисосро дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон баргузор намуд. Алъон лоиҳаи «Марказҳои таълими иловагӣ» татбиқ мешавад, ки дар доираи он утоқҳои забони русӣ дар заминаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо техникаву таҷҳизот ва мизу курсӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Дар айни замон дар Тоҷикистон 5 чунин марказ кушода шудааст.
Боз як лоиҳаи нави муҳим — Маркази захиравии «Русия бо шумост» мебошад, ки дар заминаи Маркази кӯдакону наврасон дар Душанбе кушода буд. Ин маркази муосири гуногунҷабҳа аз ҳисоби маблағҳои Федератсияи Русия ҳаматарафа бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шуда, дар он барои онлайн – чорабиниҳо тамоми шароит бо техникаҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Ба истифода дода шудани силсилаи кванториумҳо дар заминаи панҷ мактаби нави русӣ-тоҷикӣ дар шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурӣ боз як иқдоми тоза дар ин самт гардид.
Мехоҳам боз як рӯйдодро, ки моҳи июн рух дод, иброз намоям. Дар заминаи мактаби ба номи Юрий Гагарин толори лексионии Ҷамъияти умумирусиягии «Знание», ки нахустин майдончаи дар хориҷи кишвар кушодаи ин ҷамъияти маъруф аст, ифтитоҳ ёфт, ки ба тарғиби илм, фарҳанг, маориф ва технологияҳои инноватсионӣ машғул аст.
— Дар Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии Ғалабаи Бузург кадом чорабиниҳо, аз ҷумла чорабиниҳои муштарак ба нақша гирифта шудаанд?
— 80-солагии Ғалабаи Бузург санаи муҳимтарине аст, ки мо соли 2025 бояд якҷо таҷлил намоем. Хотира дар бораи ҷанг барои тоҷикистониён чун барои мардуми Русия муқаддас аст ва мо инро баланд қадр менамоем. Халқе, ки хотираи аҷдодонро пос медорад, мероси онҳоро ҳифз мекунад, сазовори ояндаи бузург аст. Ин ҳақиқате аст, ки таърих борҳо исбот кардааст.
Мо якҷо роҳи гаронро аз соли 1941 то 1945 дар мубориза бо фашизм тай кардем. Ин ҷанг моро на танҳо ба ҳам қарин сохт, балки моро бародарони ҳамхун гардонд. Падарону бобоёни қаҳрамони мо санҷишҳои вазнинро аз сар гузаронданд, вале хоки ватанро аз забткорони фашист ҳифз карданд. Ҷанги бузург руҳи халқҳои моро қавӣ сохт ва беҳтарин хислату сифати онҳо- мардонагӣ ва ҷасорати бемисл, омодагӣ ва қурбонӣ, дар айни замон тараҳҳум, адолат ва некбиниро ба оламиён нишон дод. Мо қаҳрамонони худро дар ёд дорем, хотираи онҳоро пос медорем, аз онҳо беҳад сипосгузорем, зеро онҳо ҷоннисорӣ карда, ба мо ояндаи некро ато намуданд.
Мо барои таҷлили арзандаи ҷашни Ғалаба бо дӯстони тоҷикистониамон омодагӣ мегирем. Дар ин кор ба мо Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти таълимӣ ва ҷавонон, ҷанговарони интернатсионалист, гурӯҳи «Память 201» ва дар қатори онҳо, ҳама муассисаҳои дар Русия мавҷуда кумак мерасонанд.
Аз ҷониби кумитаи тадорукоти ҷамъиятии «Ғалаба» таҳти раёсати муаррихи маъруфи тоҷик Ғафур Шерматов имсол нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашн гирифтани 80-солагии Ғалаба нақшаи чорабиниҳо таҳия гашта, беш аз 50 бандро дар бар мегирад. Ин нақша аллакай бомуваффақият амалӣ мегардад. Барномаҳои чорабиниҳои ҷашнӣ, ки 23-28 октябр дар Тоҷикистон аз ҷониби Оркестри марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия доир гардиданд, ба ин раванд такони муассир бахшиданд.
Аз ҷумлаи чорабиниҳои басе хотирмон дар оғози соли 2025 ифтитоҳ ётани муҷассама бахшида ба хотираи фавтидагон дар ҷанг, дар хиёбони Шарафи мазори шаҳрии русӣ дар Душанбе хоҳад буд, ки аз ҳисоби маблағҳои Федератсияи Русия барқарор шудааст.
Ҳамчунин ташкили мизҳои мудаввари мавзуӣ, намоишҳои аксҳо, консертҳо, озмуни сурудҳои даврони ҷанг, фестивали филмҳои ҳарбӣ, роҳпаймоии автомобилӣ, силсилабарномаҳои радио ва телевизион ва мақолаҳо дар назар аст.
Мо ният дорем китобҳое чоп намоем, ки ба мавзуи Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шудаанд. Ба назари ман нашри маҷмуаи асарҳои шоирону нависандагони Тоҷикистон дар мавзуи ҷанг, инчунин буклет дар бораи таърихи танки ИС-2, ки муҷассамаи таъмирёфтаи он соли гузашта аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, хеле ҷолиб хоҳанд буд.
Дар нақшаи кории мо чорабиниҳои кӯдакон ва ҷавонон ба шарафи солгарди Ғалаба мавқеи махсус дорад. Инҳо чорабиниҳо аз озмунҳо, олимпиадаҳо, викторинаҳо, Форуми донишҷӯён, дарсҳои мардонагӣ дар мактабу муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, чорабиниҳои гуногун, аз қабили «Диктанти ғалаба», «Шамъи хотира», «Дақиқаи сукут», «Мо дар ёд дорем, қаҳрамонии аҷдодро қадр менамоем» иборатанд.
Мо умедворем, ки моҳи майи соли 2025 чунин чорабиниҳои умумихалқии анъанавӣ, аз қабили «Лентаи Георгий» ва «Полки ҷовидон»-ро дар ҳамкорӣ мегузаронем. Ва, албатта, мо эҳтироми бузурги худро ба собиқадорони ҷангу меҳнат ба ҷо меорем.
— Дар соли 2025 кадом афзалият рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро муайян хоҳанд кард?
— Мо афзалиятро дар рушди минбаъдаи ҳамаҷониба ва дутарафаи судманд ба хотири ободии давлатҳоямон ва некуаҳволии халқҳоямон мебинем. Таваҷҷуҳи хосса ба ҳама самтҳои ҳамкориамон дар назар аст. Аз ҷумла, ба рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт ва тиҷорат, густариши ҳамкории ҳарбию техникӣ.
— Дар соҳаи бехатарӣ кадом ташаббусу лоиҳаҳои нав таҷдиди назар мегарданд?
— Ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва бехатарӣ байни давлатҳои мо бемайлон рушд мекунад, ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ. Мо тайёрии кадрҳои баландихтисосро барои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мувофиқи талабот ба онҳо идома хоҳем дод. Дар ин кор имкониятҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия фаровон истифода мешаванд. Мунтазам машқҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гузаронида мешаванд. Дар гузаштаи на он қадар дур, аниқтараш дар полигони ҳарбии «Ҳарб-майдон» машқҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳти унвони «Сарҳад-2024» доир гардиданд.
Мо ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникиро бо Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими нигоҳ доштани субот дар Осиёи Марказӣ меҳисобем, бахусус дар шароити вазъи мураккаб дар Афғонистони ҳамсоя ва фаъол гардидани созмонҳои байналмилалии террористӣ.
Дар хотима махсус гуфтаниям, ки Русия ба таъмини бехатарии дӯстон ва шарикони худ, ки албатта, Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо аст, хеле ҷиддӣ муносибат менамояд.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»