НИҲОЛШИНОНӢ ВА САБЗАЗОРКУНӢ. Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар беш аз 1000 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, дар канори шоҳроҳи Душанбе-Бохтар беш аз 1000 бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Масъулин иброз доштанд, ки гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он, камобӣ, хушксолии пай дар пай ва дигар офатҳои табиӣ ба муҳити зисти инсоният таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ барои бартараф намудани вазъи ногувори муҳити зист, пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, инчунин афзудани ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ корҳои назаррас ба анҷом мерасанд. Тадбирҳои сабзкорӣ дар вилоят марҳила ба марҳила густариш ёфта, зимни он ба аҳамият ва нигоҳубини дурусти ниҳолҳо бештар таваҷҷуҳ дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ вусъат ёфта, барои ободу зебо гардонидани ҳар деҳа, маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид






