ҶОМИ ОСИЁ-2027. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ муайян шуданд

Декабрь 9, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

9 декабр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 баргузор шуд. Дар натиҷа шаш гурӯҳ иборат аз чор дастаӣ ташкил гардид. Ҳар дастаи мунтахаб дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ анҷом медиҳад.

Танҳо ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 9, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид