Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ навид аз рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон аст

Декабрь 29, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 28 декабр ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, навид аз муваффақияту дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як соли охир аст, ки ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон пешниҳод гардид», — чунин иброз намуд дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Шарифзода.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба мақоми олии қонунгузории мамлакат — Маҷлиси Олӣ аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд.

Дар ин замина Сарвари давлат афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.

Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Инчунин музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Дар асоси супориши Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.

Ин иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат бори дигар нишони ғамхории Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, хусусан маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм ва фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот мебошад.

Декабрь 29, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июл, душанбе, 187-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Спитамен якчанд иншооти маорифу тандурустӣ ба истифода дода мешавад
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед