Президенти Тоҷикистон аз риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо изҳори нигаронӣ намуданд

Декабрь 6, 2024 09:57

ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди тадриҷан беҳтар гардидани кори судҳо дар фаъолияти онҳо ҳанӯз ҳам камбудию норасоиҳо, аз ҷумла риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт ба тарафҳо насупоридани санадҳои судӣ, бекоршавии санадҳои судӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрвандон ба назар мерасанд. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабр зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки баъзе судяҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд. «Чунин тарзи муносибат боиси татбиқи нодурусти қонунҳо, қабули санадҳои ғайриқонунӣ ва дар ниҳоят, бекор шудани қарорҳои қабулкардаи онҳо мегардад. Бо ҳамин сабаб давоми солҳои 2020 – 2023 ва нуҳ моҳи соли 2024 аз ҷониби судҳои болоӣ беш аз 1700 қарори судҳои поёнӣ бекор гардидааст», — баён доштанд Сарвари давлат.

Иттилоъ дода шуд, ки қариб 1400 ҳолати риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо ба қайд гирифта шуда, дар ин давра аз ҷониби Суди Олӣ 2320 муроҷиати шаҳрвандон доир ба кирдори судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баррасӣ гардидааст.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, қисми зиёди муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ворид мешаванд, шикоят аз амалҳои судяҳо, кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо ва норозигӣ нисбат ба санадҳои судӣ мебошанд.

«Солҳои 2020 – 2023 ва дар даҳ моҳи соли 2024 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон доир ба ин ҳолатҳо 4332 муроҷиат ворид гардидааст. Баъзан шаҳрвандон бинобар ҳал нашудани масъалаҳояшон ва яктарафа баррасӣ гардидани даъвои онҳо такрор ба такрор муроҷиат мекунанд»,-изҳор намуданд Пешвои миллат.

Таъкид гардид, ки ҳолатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус ба кирдорҳои ҷиноятӣ даст задани баъзе судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ҳоло ҳам ҷой доранд. Гуфта шуд, ки чунин вазъ боиси нигаронию ташвиши ҷиддии мо гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид