«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?

Декабрь 25, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 25.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муштариёни суғдиро муштариёни «аз ҳама рақамӣ» меноманд, ҳеҷ набошад, дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» ҳиссаи истифодабарандагони интернети мобилӣ дар муқоиса ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ нисбатан баландтар аст. Лекин онҳоро маҳз чӣ ба интернет ҷалб месозад? Мо қарор додем доир ба ин масъала аз директори раёсати минтақавии ширкат дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов маълумот гирем.

— Муштариёни суғдии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» интернети мобилиро бо майли том истифода мебаранд. Барои чӣ? Оё Шумо хизматрасониҳое доред, ки аз хизматрасонии дигар операторон фарқ кунанд?

— Фарқи асосии мо аз ҳамкорони бозори соҳавӣ шояд дар суръати ба роҳ мондани инноватсияҳо бошад. Дар соҳаи телеком хизматрасониҳо ҳама шабеҳи якдигаранд, муҳим он аст, ки мизоҷони кадоме аз операторҳо ба онҳо аз ҳама пештар дастрасӣ пайдо мекунанд. Ба мо муяссар мешавад, ки навгониҳои ҷолибро аввалин шуда, пешниҳод намоем. Мисоли одӣ – пешниҳоди тарофа-конструктори нодири «Биё! Бисоз». Сокинони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бо дастони худ,  бо ихтиёри худ бастаи хизматрасониҳоро дар дохили тарофаҳояшон бисозанд ва моҳиятан, арзиши онро низ муайян намоянд. Барои бозори алоқа ин имконияти комилан наву беназир баромад.

Баъзе аз маҳсулоти мо аллакай чандин сол арзи ҳастӣ доранд, лекин то ҳол шабеҳи онҳо дар телеком-бозор дида намешавад. Ин, масалан, замимаи мобилии «МегаФон Life» мебошад. Он ҳамчун воситаи худхизматрасонӣ – бо мақсади пуркунии тавозун, ивази тарофа ва пайвасткунии хизматрасониҳо пешбинӣ гардида буд. Алҳол он ба воситаи нодире табдил ёфтааст, ки тариқи он метавон масъалаҳои рӯзмарраро ба осонӣ ҳал кард. Пардохти маблағи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ зарур аст? Марҳамат – вориди замима шавед ва пардохт намоед. Ба тариқи ҳавопаймо парвоз карданӣ ҳастед? Функсияи хариди чиптаҳо дастрас аст. Маҳз чунин имконияти рақамӣ МегаФон Тоҷикистонро дар назди суғдиён боз ҳам ҷаззобтар менамоянд.

— Ин имконот ба ҳама муштариён дастрасанд? Шумо шабакаро дар вилояти Суғд чӣ тавр инкишоф медиҳед?  

— Бунёду муосиргардонии шабака дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ идома дорад, лекин ба минтақае, ки дар он муштариёни «аз ҳама рақамӣ» зиндагӣ мекунанд, диққати махсус зоҳир мешавад. Диққати асосӣ ба алоқаи насли чорум равона шудааст, зеро шабакаи 4G суръатҳои баланди интернети мобилиро таъмин менамояд. Алҳол дар Суғд раванди бунёду бакордарории 25 майдони нави пойгоҳҳои базавӣ идома дорад. Иброз менамоям: ин майдонҳое мебошанд, ки дар онҳо метавон якчанд пойгоҳҳоро ҷойгир карда, ҳамин тариқ фарогирии ҳудуд ва сифати телеком-хизматрасониҳоро беҳтар намуд. Шабакаи 4G дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вусъат бахшида хоҳад шуд.

Албатта, бунёди пойгоҳҳои нави базавӣ дар манотиқи дурдаст бисёртар хусусияти иҷтимоӣ дорад. Теъдоди сокинони маҳаллӣ зиёд нест, барои ҳамин дар бораи зуд бароварда шудани хароҷот дар доираи сармоягузориҳои суратгирифта ҳатто наметавон сухан гуфт. Лекин мо тамоми хароҷоти гуфташударо ба зиммаи худ мегирем, зеро барои ноҳияҳои дурдаст алоқа хизматрасонии мавриди ниёзи аввал ба шумор меравад. Дар вилояти Суғд алоқаи мо ва албатта, хизматрасониҳои рақамӣ ба бисёр сокинон дастрас ҳастанд. Масалан, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва худи сарҳад бо Қирғизистон.

— Оё ширкат барномаи «сирф иҷтимоӣ» дорад?

— Албатта. Ҳатто чунин мегӯям: онҳо набуда наметавонанд. Мо худ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастем ва мехоҳем, ки ҳаёт дар мамлакат беҳтар бошад. Ин маънои онро дорад, ки барои ин мо бояд тамоми кӯшишҳои имконпазири худро ба харҷ диҳем. Қариб аз оғози фаъолият ширкати мо ба хонаҳои кӯдакон кумак мерасонад, лоиҳаҳои омӯзишӣ ва варзишро дастгирӣ менамояд. Дар соли 2024 мо нахуст бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи мунтахаб ҳамкории зич кардем. Вохӯрии ситораҳои футболро бо дӯстдорони варзиш ташкил менамоем, дар оғози сентябр дар Душанбе ҷашни калони футбол барои мухлисони ҳама синну сол баргузор шуд. Метавонед тасаввур кунед, ки барои писарбачагони имрӯза фишурдани дасти бозингари дастаи мунтахаб ва туҳфа гирифтани тӯб бо соядасти ӯ чӣ аҳамият дорад?

Корҳои васеъро мо инчунин бо мактабҳои олии вилояти Суғд амалӣ менамоем. Вазифа – ба донишҷӯён расонидани маълумот дар бораи технологияҳои муосир, пуррагардонии назарияи китобҳои таълимӣ бо маълумот доир ба рӯйдодҳои ҷолибтарине, ки алҳол дар соҳаи телеком ба мушоҳида мерасанд. Масалан, дар фасли тирамоҳ мо машғулияти омӯзиширо барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар Бӯстон баргузор намудем.

Дар интиҳо хотиррасон мекунам, ки МегаФон Тоҷикистон мунтазам консертҳои калонмиқёс низ доир менамояд ва онҳо ҳам рӯйдодҳои барҷастатарину рангини фарҳангӣ ба шумор мераванд. Мутмаинам, бисёр суғдиён тобистони соли 2023 дар консерти ситораҳои эстрада ва KidsDay иштирок намуданд. Он вақт 30 ҳазор сокинони Суғд меҳмони ин чорабиниҳо гардиданд. Мо дар рӯзҳои идона дар паҳлуи сокинони Тоҷикистон ҳастем.

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Декабрь 25, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Кӯлоб дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуд