Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд

Декабрь 26, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни вохӯрӣ даъватномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Маҷмаи Умумӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи 2025) тақдим гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва пайомади он, масоили амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд