Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор- Шарора-Чимтеппа /ноҳияи Рӯдакӣ/, ки солиёни зиёд рӯи таъмирро надидааст, бо ташаббуси соҳибкорон таъмир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода бо соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои саноатие, ки дар шафати ин роҳ ҷой гирифтаанд, мулоқот намуд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри Ҳисор қариб 245 километр роҳ, аз ҷумла 22,6 километр роҳҳои байналмилалӣ, 87,5 километр роҳи ҷумҳуриявӣ ва беш аз 134 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуд буда, нигоҳдории он ба уҳдаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр мебошад.
Бар асари ҳаракати зиёди мошинҳои гаронвазни боркаш роҳи Ҳисор-Шарора-Чимтеппа вайрон шуда, солҳои зиёд аст, ки барои сокинону меҳмонони шаҳр, инчунин фаъолияти корхонаҳое, ки дар ин самт ҷойгир мебошанд, мушкилӣ эҷод намудааст. Бинобар ин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии соҳибкорон роҳи Ҳисор-Шарора-Чимтеппаро бо назардошти ҷӯйҳои обпарто таъмир ва чароғон намояд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои таъмиру таҷдиди ин роҳ беш аз 7,2 миллион сомонӣ зарур мебошад.
Зимни вохӯрӣ раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони шаҳри Ҳисор Рустам Саидов ин иқдомро дастгирӣ намуда, дигар соҳибкоронро низ ба ободии диёр, хусусан таъмиру таҷдиди роҳи Ҳисор-Шарора- Чимтеппа ҳидоят намуд.
Бояд гуфт, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон дар 11 моҳи соли 2024 зиёда аз 60 километр роҳҳо мумфарш, қариб 110 километр бетонпӯш ва зиёда аз 170 километр сангфарш карда шуданд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ҳисор дар 13,6 километр роҳ таъмири ҷорӣ гузаронида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






