ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДААНД? Ин масъала дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» баргузор гардид, ки дар он омодагии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон- раиси ситод Усмоналӣ Усмонзода баргузор шуд.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ тариқи ҳузурӣ ва роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои ин қарор тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуд.
Аз ҷараёни иҷрои қарор ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсати молия, ҷамъияти матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра мониторинг гузаронида шуда, гузориши дахлдор аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Камбудиҳои зимни мониторинги гурӯҳи корӣ ошкоршуда ба иштирокчиёни ҷаласаи ситод аз ҷониби муовини якуми Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода пешниҳод шуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо он ҳисобот манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудию мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — раиси Ситод Усмоналӣ Усмонзода дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 вазифаҳо гузошта шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






