Соли 2024 155 километр роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён намуданд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки аз ҷумла, роҳҳои мошингарди «Роғун – Обигарм – Нуробод» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии 76 километр ва «Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара» – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд. Соли 2024 таҷдиду навсозии роҳҳои мошингарди «Данғара – Гулистон» – 50 километр ва «Гулистон – Фархор» ба дарозии 33 километр оғоз гардид. Соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.
«Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо соли 2024 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду навсозии 23 пул ба анҷом расидааст. Бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард давоми панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифта аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид», — гуфтанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки барои татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






