ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 2, 2024 08:00

2 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» имзо намуданд.

***

2 декабри соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мавзеъҳои зебо ва қадимию таърихии ин давлат шинос шуданд.

***

Соли 2016 оши палови Тоҷикистон ба феҳристи созмони илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО ворид гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои фарҳанг, рушди соҳаи сайёҳӣ, маориф ва омодасозии кадрҳои санъати тасвирӣ муҳокима шуд.

***

2 декабри соли 2020 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

2 декабри соли 2021 Тоҷикистон ва Италия дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаро баррасӣ намуданд.

***

2 декабри соли 2022 муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ мулоқот намуданд. Зимни суҳбати гарму самимӣ масъалаи густариши муносибатҳои ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

2 ДЕКАБР:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ғуломдорӣ.

***

Дар Русия — Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Самад Ғанӣ — соли  1908 — рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1960).

Декабрь 2, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст