Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд

Декабрь 31, 2024 17:20

ДУШАНБЕ, 31.12.2024  /АМИТ «Ховар»/. Рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори соҳа бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла пойтахти он – шаҳри Душанбе ҳамеша дар мадди таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамасола таваҷҷуҳ зоҳир гардидан ба соҳаи сайёҳӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз ин гуфтаҳо дарак медиҳад. Дар робита ба дастоварду пешравиҳои соҳа дар пойтахти мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа Акбар бо мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед суҳбат анҷом дод. 

АМИТ «Ховар»: Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» гуфта шуд, ки соли 2024  1 миллиону 400 ҳазор сайёҳ ба мамлакат омадаанд. Аз ин шумора чӣ қадар ба шаҳри Душанбе рост меояд?

Дилшоди Ҷамшед: Тибқи таҳлилҳо ва арзёбии мутахассисон, аз шумораи умумии сайёҳоне, ки соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадаанд, тақрибан 60% ё 840 ҳазор нафар ба шаҳри Душанбе рост меояд.

Тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ҳудуди шаҳри Душанбе – яъне танҳо тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ҳолати 20 декабри соли равон 247 440 нафар ҳамчун сайёҳ ба шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   18 283 нафар ё 13,5% зиёд мебошад.

Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе минбаъд низ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳии пойтахт тамоми чораҳои заруриро  мебинад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар шаҳри Душанбе кадом инфрасохтор ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонад?

Дилшоди Ҷамшед: Имрӯз дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 50 меҳмонхонаи гуногунсатҳ, 118 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 39 маркази дилхушӣ, 27 бозор, 125 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 4 майдони чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 44 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 67 толори варзишӣ, 210 кошонаи ҳусн ва 198 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ, 7 театри касбӣ, 11 осорхонаву 17 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 94 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 38 мавзеъҳои пойтахт, 378 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ, 77 коргоҳи ҳунармандӣ, Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ ва Маҷмааи «Истиқлол» ҷойгир буда, ҳамарӯза ба меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.


АМИТ «Ховар»: Фурудгоҳҳо дар ҷалби сайёҳон, аз ҷумла қабулу гусели онҳо нақши бузург доранд. Оё дар онҳо маълумоти кофӣ ё гӯшае барои гирифтани иттилои зарурӣ барои меҳмонону сайёҳон мавҷуд аст?

Дилшоди Ҷамшед: Барои муаррифии имконоти сайёҳии пойтахт ва ҷалби сайёҳон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Холдинг Осиё-Гурӯҳ Тоҷикистон» (Asian Exspress) гӯшаҳои иттилоотӣ барои сайёҳон таъсис дода шудаанд.

Соли 2024 ба гӯшаҳои иттилоотии ин ниҳодҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе 5350 маводи иттилоотию таблиғотӣ тақсим карда шуд, ки онҳо 3330 харитаи сайёҳии шаҳри Душанбе, 1785 варақаи (буклет) маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, 30 диски таблиғотӣ ва 205 флешкорти тарғиботию ташвиқотиро ташкил медиҳанд.


АМИТ «Ховар»: Шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ васеъ истифода мегарданд. Оё саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд?

Дилшоди Ҷамшед: Бобати рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии дастовардҳо ва инфрасохтории сайёҳии шаҳри Душанбе, инъикоси маконҳои зебову диққатҷалбкунанда, фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон саҳифаи шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сомонаи сайёҳии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), ТикТок ва Телеграмм (dushanbe.travel) фаъол буда, дар он роликҳои тарғиботии шаҳри Душанбе, акси маконҳои зебо ва нотакрор, маълумот доир ба иншооти сайёҳии шаҳри Душанбе мунтазам инъикос менамояд.


Дар ин саҳифаҳо ҳамарӯза аксҳо аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҷолиби пойтахт ва роликҳои тарғиботӣ вобаста ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе гузошта мешаванд. Соли 2024 дар маҷмуъ зиёда аз 3364 акс ва 288 видеоролики тарғиботӣ оид ба зебоиҳои пойтахт ба таври васеъ инъикос карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Яке аз роҳҳои дигари муассире, ки ба ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд, иштирок дар намоишгоҳҳои сайёҳии сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ мебошад. Оё намояндагони шуъба низ дар чунин чорабиниҳо иштирок менамоянд?

Дилшоди Ҷамшед: Дар баробари намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор намояндаи шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ барои муаррифии имконияту иқтидори сайёҳии пойтахт пайваста дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок менамояд.

Масалан, 1-7 марти соли 2024 дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон (шаҳри Сочии Федератсияи Русия) ва 5 — 7 марти соли 2024 дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin – 2024» (шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон) намояндагони шуъба иштирок намуда, бо маводи тарғиботӣ имконияти сайёҳии шаҳри Душанберо муаррифӣ намуданд.


Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin – 2024» гӯшаи сайёҳии мамлакат дар масоҳати 64 метри мураббаъ ташкил гардида, он бо тасвири манзараҳои зебою тамошобоб, самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, монитор барои инъикоси роликҳо аз мавзеъҳои нотакрор ва диққатҷалбкунандаи Тоҷикистон, бахусус пойтахти он- шаҳри Душанбе омода карда шуда, дар он маводи таблиғотию ташвиқотӣ оид ба имконияти сайёҳии мамлакат, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон пешкаш гардид.

АМИТ «Ховар»: Аксари шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамасола бо ташкил кардани намоишгоҳҳои сайёҳӣ на танҳо барои намояндагони дигар давлатҳо майдони тарғибу ташвиқи соҳа фароҳам меоранд, балки дар баробари ин имконият ва иқтидори сайёҳии худро низ муаррифӣ мекунанд. Оё Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)»), ки моҳи сентябри соли 2024 доир карда шуд, метавонад дар оянда ба ҳамин гуна майдони сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёбад?

Дилшоди Ҷамшед: Бале, метавонад. Бо дастгирии роҳбарияти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе бо мақсади ташкили бозори сайёҳии минтақа дар пойтахти мамлакат, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ҳамасола баргузор карда шавад.
Бояд гуфт, ки 25-27 сентябри соли 2024 бори нахуст дар Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE-2024») доир гардид.

Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасонии сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ ҳамчунин Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконияти сайёҳии устувор» (25 сентябр) баргузор карда шуд.


Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои намояндагони ширкатҳои сайёҳиву роҳбаладон ва ҳайати хизматрасон дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо машғулият (мастер классҳо) бо ҷалби олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ доир карда шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо ба хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ гувоҳномаҳо тақдим гардиданд.

Дар маҷмуъ, дар DITE-2024 20 ширкати хориҷӣ аз 16 давлат ва 90 ширкатҳои ватанӣ иштирок намуда, дар доираи он дар шакли B2B (соҳибкор бо соҳибкор) вохӯриҳо баргузор шуда, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба рушди соҳаи сайёҳии ҷонибҳои иштирокдор мусоидат менамоянд.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 ҷаҳиши бузурге дар рушди сайёҳии мамлакат гардид ва дар муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе саҳми назаррас гузошт.

АМИТ «Ховар»: Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур дода шуд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Дар ин самт дар пойтахт чӣ тадбирҳо андешида шуда ва минбаъд андешида мешаванд?

Дилшоди Ҷамшед: Соли 2024 бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ барои пешкаш намудани маҷмуи хизматрасонии сайёҳӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ тавассути автобусҳои дуқабата ташкил карда шуд.

Дар доираи хатсайрҳои нави сайри шомгоҳии Душанбе сокинону меҳмонон имкон пайдо намуданд, ки бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии  пойтахт шинос шаванд. Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти мунтазами хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата аз 25 май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2024 идома ёфт. Ба онҳо зиёда аз 12 240 сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шуд.


Сайри пойтахт дар рӯзҳои истироҳатӣ дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза аз тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шуд.

Барои татбиқи ин хатсайрҳо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасони соҳа – «King Tour», «Somon Travel», «Diyor Travel» ва «Tour Tj» ҷалб гардидаанд. Дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе амалӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Дар арафа ва рӯзҳои баргузории ҷашнҳо ва чорабиниҳои байналмилалие, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, меҳмонону сайёҳони зиёд ба Тоҷикистон омаданд. Барои онҳо кадом хизматрасониҳо пешниҳод гардид?

Дилшоди Ҷамшед: Бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои умумибашарии Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷаҳонбинии таҳаммулгароӣ, покизагиву ворастагӣ, инсондӯстиву ваҳдату ҳамдилӣ, тараннуми мероси фарҳангиву таърихи тоҷикон, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва дарёфту роҳандозии ташаббусҳои созанда дар бахши ҳамкории гуногунҷанбаи фарҳангиву сайёҳӣ санаи 20 марти соли 2024 дар Китобхонаи милли Тоҷикистон қисмати расмии Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор карда шуд.

Дар фестивал ба меҳмонону сайёҳон ҳунарҳои мардумии минтақаҳои мамлакат, урфу одат ва оинҳои наврӯзӣ, пухтани хӯрокҳои миллӣ, бахусус таомҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, либоси миллӣ ва имконияти сайёҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуд.

Дар баробари ин, дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмонону сайёҳони хориҷие, ки ба пойтахти мамлакат омада буданд, хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуд.


Дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе шуруъ аз 15 то 20 апрели соли 2024 саёҳати хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт ташкил карда шуд.

Аз ҷумла, боздиди хонандагон аз Осорхонаи ёдгории адабии Мирзо Турсунзода ва «Маҷмааи Истиқлол», Осорхонаи милии бостоншиносии Тоҷикистон, Боғи Куруши Кабир, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғҳои Парчами миллӣ, ҳайвонот ва «Кӯли Ҷавонон» ташкил гардид, ки дар маҷмуъ 500 нафар ҷалб карда шуд.

Ҳамзамон бо мақсади таъмини шароити мусоиди истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт 19-20 апрели соли 2024 чорабинии маърифатӣ-фароғатии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуошёнаи замонавӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин замина сокинон ва сайёҳон зимни иштирок дар он мавзеъҳои сайёҳии пойтахтро тамошо намуданд.

Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт ва Рӯзи байналмилалии бародаршаҳрҳо 20 апрели соли 2024 бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд. Дар доираи он тамошои намояндагони корпуси дипломатӣ аз «Маҷмааи Истиқлол» ва Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.


Дар идомаи чорабинӣ бо мақсади тамошои фазои шабонаи пойтахти мамлакат бо ҷалби намояндагони корпуси дипломатӣ тавассути автобусҳои дуошёна сайри Душанбе баргузор карда шуд.

Дар ин радиф тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба тадбирҳои тадорукотӣ ва ташрифотӣ барои омодагӣ ва баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” тамошои меҳмонони конфронс аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаҳо ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил карда шуд.

Бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе тамошои меҳмонон дар ду хатсайр ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон аз 9 то 15 ноябр бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президент бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардиданд.


Мақсади асосии ташкили хатсайрҳо сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замири сокинони пойтахт тарбия намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузории хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.

Дар доираи хатсайрҳо иштирокчиён бо Осорхонаи даврони мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуда, филмҳои мустанади «Эмомалӣ Раҳмон — асосгузори давлати навини Тоҷикистон», «Марде аз сарнавишт» ва «Душанбе  — нигини миллати тоҷик»-ро дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» тамошо намуданд.

Дар маҷмуъ дар соли 2024 аз ҷониби шуъба 196 чорабинӣ дар самти рушди сайёҳӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, 2 фестивали байналмилалӣ, 1 Конфронси байналмилалӣ, 1 Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ, 1 Форуми байналмилалии сайёҳӣ, 3 мастер класс, 18 хатсайр дар доираи чорабиниҳо, 11 намоиши ҳунарҳои мардумӣ, 103 саёҳати «Шоми Душанбе», 22 саёҳати хонандагон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт ва 32 вохӯрӣ доир ба нигоҳи некбинона нисбат ба сайёҳон ва ободу тоза  нигоҳ доштани маконҳои сайёҳӣ баргузор карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Барои муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт ва ҷалби сайёҳон ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма дар кадом сатҳ аст?

Дилшоди Ҷамшед: Мехоҳам таъкид намоям, ки саҳм ва нақши воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла АМИТ «Ховар» дар муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт ва ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе бисёр назаррас аст.

Аз оғози соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Агентии миллии итилоотии «Ховар» тасмим гирифта шуд, ки пайваста маълумоти муфассал доир ба маконҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо забонҳои кории Агентӣ инъикос карда шавад. Дар  доираи ин иқдом вобаста ба имконияту зарфияти Майдони Истиқлол, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо назардошти тамоми маълумот дар АМИТ «Ховар» ба таври васеъ инъикос карда шуда, татбиқи он идома дорад.

Дар баробари ин, бо мақсади муаррифӣ ва инъикоси имконияту зарфияти сайёҳӣ ва дастовардҳои шаҳрдорӣ дар самти сайёҳӣ танҳо тавассути муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 58 барномаи сайёҳӣ ва 65 гузориши телевизионӣ таҳия гардида, пешкаши бинандагон гардонида шуд. Ҳамзамон чунин барномаҳои тавассути дигар шабакаҳои телевизионӣ, бахусус “Телевизиони Тоҷикистон”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” низ таҳия ва пешкаши бинандагон гардонида шуд.

Инчунин ин барномаҳо дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври васеъ инъикос карда шуданд.

АМИТ «Ховар»: Бо мақсади ҷалби хабарнигорон ба инъикосу тарғиби дастоварду имконияти сайёҳии Душанбе ва ҳавасмандгардонии онҳо дар ин роҳ соли 2024 кадом тадбирҳо анҷом дода шуданд?

Дилшоди Ҷамшед: Бо ин мақсад бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли 2024 озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» баргузор карда шуд.


27 август дар доираи маросими ҷамъбасти озмунҳо сайри рӯзноманигорон (пресс-тур) ва ғолибони озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата ба мавзеъҳои таъхириву фарҳангӣ ва сайёҳиву фароғатии пойтахти мамлакат ташкил гардида, иштирокдорон «Маҷмааи Истиқлол» ва Осорхонаи таърихии Душанберо тамошо намуданд.

АМИТ «Ховар»: Нақшаҳо дар соли 2025, ки ба ҷалби сайёҳон замина мегузоранд, чӣ гунаанд?

Дилшоди Ҷамшед: Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар баробари қудрати сиёсӣ ва неруи иқтисодӣ дар амалӣ гардидани сиёсати инсонгароёна истифодаи иқтидори фарҳангии кишварҳо барои муттаҳид сохтани ҷомеаи инсонӣ ва эҷоди симои мусбати ҳаёт нақши муҳим мебозад.

Бинобар ин арзишҳои фарҳангӣ қисми таркибии сиёсати байналмилалии давлатҳоро ташкил дода, баҳри таҳкими робитаҳои дӯстонаи кишварҳо аз он ба шакли васеъ истифода бурда мешавад.

Ба андешаи коршиносон, ташаккули симои мусбати давлатҳо, пешбурд, оммавигардонӣ, содироти фарҳанг ва забони миллӣ, инчунин фароҳам овардани шароти мусоид барои татбиқи манфиатҳои миллӣ аз ҳадафҳои асосии «дипломатияи фарҳангӣ» маҳсуб мегардад.

Кишварҳои гуногуни олам барои тавсеаи ҳамкории гуманитарӣ дар сиёсати берунаи худ ба ин омилҳои ваҳдатофар такя карда, мавқеи худро дар фазои муносибатҳои байналмилалӣ таҳким мебахшанд ва ҳамдигарфаҳмиро байни халқҳо ва мамлакатҳо густариш медиҳанд.


Иди байналмилалии Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишуда тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдоми тоза ҳидоят менамояд ва метавонад заминаи устувори рушди ҳамкории муштараки фарҳангии кишварҳоро дар доираи «дипломатияи фарҳангӣ» ташкил намояд. Ва барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари тоҷик, инчунин ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили

-корвони шодиёнаи наврӯзӣ;

-барномаи рангини театрӣ;

— Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»;

— Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе»;

— барномаҳои консертӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ;

— мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштини миллӣ «Гуштингирӣ»;

— мусобиқаҳои кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд, ки иқтидори фарҳангии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо ба шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг намудаанд.

Ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон — ҳамчун решапайванди наслҳо, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон метавонанд барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат ва имконияти сайёҳии мамлакат ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ хизмат намояд.


Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо «Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе» таҳия гардида, дар мувофиқаи сохторҳои дахлдори шаҳрӣ қарор дорад.

Ҳамзамон видеонавори рекламавӣ оид ба баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ омода гардида, барои инъикоси васеъ тавассути васоити ахбори оммаи хориҷӣ пешниҳод мегардад (таҳияи роликҳо бо забонҳои чинӣ ва арабӣ дар рафти коркард қарор дорад).

Баъд аз раванди мувофиқасозӣ «Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025» дастрасӣ ширкатҳои сайёҳӣ гардонида шуда, бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда мешаванд.

Ҳамзамон бо дастгирии роҳбарияти пойтахт Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанберо ҳамасола доир менамоем ва соли оянда баргузории он нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2025 дар назар аст.

Солҳои баъди низ бо мусоидат ва дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳӣ баргузории ин намоишгоҳ дар сатҳи баланди ташкилӣ дар назар аст.

Умед аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ба ҷалби бештари меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти мамлакат ва муаррифии имконияту инфрасохтори соҳа мусоидат намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2024 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
Бинои нави Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Пешрафту пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Бо кадом роҳҳо метавон ба он ноил гардид?
Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода шавад
МАОРИФ — СОҲАИ КАЛИДӢ. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад
ТО ШАБАКАҲОИ 5G ИНКИШОФ ДОДАНИ ИНФРАСОХТОРИ РАҚАМӢ. Ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ тақвияти кор дар чанд самти асосӣ таъкид гардид
РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои таъмини амнияти миллӣ мебошад
ТАРБИЯИ ШАХСИЯТИ ИННОВАТОР – ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа доир шуд