«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои таърихӣ» намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ифтитоҳи намоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода ва директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода оид ба муаррифии шоистаи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сухан гуфтанд.
Дар намоиш намояндагони корпусҳои дипломатӣ, тоҷикони муқими Миср ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Арабии Миср иштирок намуданд.
Дар намоиш зиёда аз 100 акс аз ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср дар соли 2022, осори нодири таърихӣ аз Осорхонаи миллӣ, имрӯзи шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Аз ҷониби намояндаи Осорхонаи миллӣ барои меҳмонон экскурсия баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути аксҳо бо таъриху фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос гардиданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон























Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






